27.9 C
Dushanbe

Аввалин имомхатиби зиндонии тоҷик дар “Рӯйхати қурбониён” ворид шуд

Камиссия Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодии мазҳабии байналмиллалӣ Маҳмадсодиқ Сайидов, имомхатиби зиндонии шаҳри Кӯлобро дар “Рӯйхати қурбонинён” ворид кардааст.

КИМА дар умумри озодии мазҳабӣ дар изҳороташ меорад, ки мақомоти Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Сайидовро бегуноҳ ва бидуни исботи ҷурме зиндонӣ намудаанд.

Дар изҳороти комиссия зикр мешавад, ки 5 марти соли 2021 Сайидов, имохатиб пас аз он боздошт шуд, ки ӯ аз хондани хутбаи давлатӣ (манзур ҳамон варақаест, ки аз ҷониби Кумитаи дини Тоҷикистон барои хондан дар хутба ба имомхатибон дода мешавад) дар масҷиди худ сарпечӣ кард.

“Сайидов 4-уми июни соли 2021 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ҳоле ки иттиҳомоти зидди ӯ рӯшан нест, “Форуми 18” хабар медиҳад, ки додрас ӯ ва ду нафари дигарро ба “якҷоя амал ва ширкат кардан дар созмони динии ифротӣ” муттаҳам кардааст.”, омадааст дар изҳороти комиссия.

Маҳмадсодиқ Сайидови 28-сола аввалин имомхатибест, ки аз Тоҷикистон дар “Рӯйхати қурбониён”-и комиссияи мазкур ворид гаштааст. Соли гузашта КИМА дар умури озодии мазҳабӣ аз Тоҷикистон як узви зиндонии “Шоҳидони Яҳво”-ро низ ворид карда буд.

Маҳмадсодиқ Саидов имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб буд. Мақомоти амниятии кишвар ӯро моҳи марти соли 2021 дастгир ва моҳи июл бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо сомонаи “Ислоҳ” барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Мудири сомонаи “Ислоҳ” Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамкорияш бо ин имомхатибро рад карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.