Гузоришгари вежаи СММ аз Тоҷикистон хост ба саркӯби помириҳо поён диҳад

Рӯзи 20 май соли ҷорӣ гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури ақалиятҳо Фернанд де Вареннест аз Тоҷикистон хост, ба саркӯби маргбор бар зидди сокинон дар Вилояти Мухтоир Кӯҳистони Бадахшон поён диҳад.

Дипломати СММ аз вазъияти ба амаломада изҳори нигаронӣ намуда, ҳамчунин ҳушдор дод, ки дар ҳоли идомаи саркӯбгариҳои мақомот алайҳи ақаллиятҳо дар ВМКБ бо баҳонаи “амалиёти зидди террорситӣ” боиси нооромиҳои густардатар ва хушунатҳои бештаре гардида, метавонад вазъро аз контрол берун кунад.

Ин коршиноси гуфт: “вокуниши сахти Ҳукумат барои саркӯби эътирозҳои ақалиятҳои помирӣ аз тариқи боздошт, истифодаи беш аз ҳад ва ғайриқонунии аз зӯр ва дахолати артиш ғайримуносиб ва амиқан озордиҳанда аст”Ман аз ҳама тарафҳои мехоҳам, ки хештандори кунанд ва талош шавад, ки вазъият аз контрол хориҷ нашвад”.

Дар идома ҷаноби Фернанд де Вареннест аз мақомоти Тоҷикистон хоста, ки бо ақалияти помириҳо гуфтугӯи созанда ва ошкор дошта бошад. Гузоришгари вежаи СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, ки фавран иқдомоти пешгирӣ аз даргирӣ, аз ҷумла ҳифозат аз ақалияти помириро, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аст, иҷро кунад.

Қаблан намояндагии дипломатии Иттиҳодияи Аврупо, сафоратҳои Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон, Дабири Кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, хонум Ҳелга Мария Шмит,  созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Мариус Фоссум намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ аз воқеаҳои охири ВМКБ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар пайи эътирози сокинони Хоруғу Рӯшон, аз ҷониби мақомот беш аз 30 сокини маҳаллӣ бераҳмона кушта шуда, 124 нафари дигар боздошт шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.