32.9 C
Dushanbe

Содироти асосии имсолаи Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши сангу металҳои қиматбаҳо будааст

Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби афзоиши содироти маҳсулот – фурӯши маҳсулоти гурӯҳи “сангу филизот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо” ба андозаи 5,5 баробар зиёд кардааст.

Дар Узбекистон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳудуди 27,5 млрд долларро дар бар гирифтааст, ки нисбат ба  соли гузашта дар ин сол 3,7 млрд камтар  будааст.

Кумитаи давлатии омори Узбекистон гуфтааст: ҳаҷми содирот дар ин давра 12,4 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми воридот дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 16,5% кам шуда, ба 15 млрд доллар баробар шудааст.

Касри тавозуни савдо (афзалияти воридот нисбат ба содирот) дар ин давра дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2019 ба миқдори 63% коҳиш ёфта, 2,4 млрд долларро ташкил додааст, – гуфтааст Кумитаи давлатии омори Узбекистон.

Гуфта шудааст, ки Ҳукумати Узбекистон ин тамоюлро поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои энергетикӣ, инчунин сустшавии суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад, маънидод мекунад.

Дар Қирғизистон бошад, ҳаҷми савдои хориҷии дар моҳҳои январ-августи соли равон наздики 3,5 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 22,1%  кам гардидааст. Кумитаи миллии омори Қирғизистон ҳаҷми содирот 3,5%  гуфтааст, воридот баръакс, ба андозаи 31,6% коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Идораи омори Қазоқистон, тӯли моҳҳои январ-августи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Қазоқистон 55,6 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,0% камтар мебошад.

Идораи омори Қазоқистон гуфтааст: содирот дар ҳаҷми 31,9 млрд доллар амалӣ шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2019 ба миқдори 15,7% камтар аст. Воридоти молу маҳсулот ба маблағи 23,8 млрд доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо 8 моҳи соли 2019 ба андозаи 6,4% камтар аст. Ба ин тариқ, касри тавозуни савдо (афзалияти содирот нисбат ба воридот) ба 8,1 млрд доллар баробар шудааст.

Дар Тоҷикистон тӯли 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3,4 млрд долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,3% зиёдтар будааст.

Дар ин давра ҳаҷми содирот ба пеш аз 1,2 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 54,8% зиёд гардидааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми содирот имсол бо сабаби афзоиши фурӯши маҳсулоти гурӯҳи “сангу филизот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар афсоиш ёфтааст.

Маҳсулоти гурӯҳи зикршуда ба маблағи умумии 689 млн доллар содирот шудааст, ки 58% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ташкил медиҳад. Ҳаҷми воридот тӯли 9 моҳ зиёда аз 2,2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% камтар мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.