32.9 C
Dushanbe

Содироти якмоҳаи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя чӣ миқдор аст?

Бино ба навиштаи сомона “Азия-Плюяс”, дар моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба миқдори 2 млн доллар нерӯйи барқ содир кардааст, ки нисбат ба моҳи октябри соли 2019 1,6 млн доллар камтар гуфта шудааст.

Дар мавриди ба кадом кишварҳо содир шудани нерӯйи барқ маълумот дода нашудааст. Вале бештари барқ ба Афғонистон, Узбкистон ва Қирғизистон фурӯхта мешавад.

Интиқоли нерӯйи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ ва ҷорӣ гардидани лимит дар сартосари кишвар шикоят мекунанд. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки қатъ кардани барқ ба таъмири истгоҳҳои барқӣ ва турбинаҳои обанборҳо вобаста аст, ки тӯли ду моҳ боз ва то ҳол таъмир идома дорад.

Ёдовор мешавем, ки чандест дар аксар манотиқи кишвар мисли солҳои пешин лимити барқ ҷорӣ шудааст. Сокинон аз он шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз аз 8 то 10 соат барқ доранд, ҳатто дар баъзе минтақаҳо аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояш гуфта буд, ки дигар лимити барқ аз байн бардошта шудааст ва бебарқиҳои зимистонаро ба афсона ташбеҳ карда буд.

Вале имрӯзҳо дида мешавад, ки дар баробари ба истифода додани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун, ки як қисми маблағи бунёдаш аз ҳисоби сокинони кишвар ҷамъ гардидааст, боз ҳам камбуди барқ дар кишвар бараъло мушоҳида мешавад. Сокинони биноҳои баландошёна дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ аз бебарқӣ дар хонаҳои бетонӣ ҳезум дароварда оташдон насб кардаанд, то хонаҳояшон гарм шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.