31.9 C
Dushanbe

Соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон 15 созишнома и $50 миллиондолларӣ ба имзо расониданд

Сурат: Озодӣ

Рӯзи 29 сентябр дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон бахшида ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ форуми муштарак миёни соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид, ки  зиёда аз 300 нафар аз ҳар ду ҷониб ширкат варзиданд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар додааст, ки дар ин Форум миёни соҳибкорони Узбекистон ва Тоҷикистон қарордодҳои нав дар доираи тиҷорати ду кишвар ба имзо расидаанд.

Гуфта мешавад, дар ин Форум ба иштирокчиён дар бораи имконотҳои   сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон маълумот дода шудаааст, ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои Кумитаи сармоягузории давлатии Тоҷикистон, пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ҳамаи бахшҳои иқтисодиро дар бар мегирад ва маблағи он 50 млн долларро ташкил медиҳад.

Рӯзи 29 сентябр дар доираи сафари сарвазири Узбенкистон Абдуллоҳ Орипов ба Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии  «Артел Авесто Электроникс” ба истифода дода шуд, ки  дар Тоҷикистон аз ҷониби “Авасто Групп”, таъсис додап шудааст. Бино ба гуфтаи баъзе манобеъ ин ширкат ба шаҳрдории Душанбе Рутами Эмомалӣ муталлиқ аст.

Қаблан гуфта мешуд, ки зимни сафари сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон дар баробари ифтитоҳи корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии Тоҷикистону Узбекистон – “Artel Avesto Electronics” масъалаи кушодашавии марзҳо низ баррасӣ мешавад.

Сурат: podrobno.uz

Расонаҳои ҳарду ҷониб танҳо аз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, ифтитоҳи “Artel Avesto Electronics” ва ғайра мегӯянд, аммо дар бораи боз кардани марзҳо ва дубора оғоз шудани парвозҳои мунтазам чизе гуфта нашешавад.

Ин дар ҳорлест, ки Ҷумҳурии Узбекистон шурӯъ аз имрӯз 1 октябр марзҳояшро бар рӯи кишварҳои дигар мекушояд ва ҳатто Тоҷикистон ҳам, аммо аз ҷониби Тоҷикистон то ҳанӯз дар ин бора иттилои расмие нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.