13.9 C
Dushanbe

Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов дар Душанбе ҳастанд?

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар истинод ба манобеаш аз мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки Суҳроби Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Суҳроби Зафар ва як ё ду нафар аз ёрони наздикашро ҳанӯз рӯзи ҷумъаи гузашта, яъне 15-уми марти соли 2024 бо парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Истанбул ба Душанбе овардаанд.

Он рӯз тарафҳои шом буд, ки ҳавопаймои “Сомон Эйр” аз Истанбул расид. Баробари дар фурудгоҳ нишастанаш як микроавтобуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо афсарони мусаллаҳ ба назди зинаҳои ҳавопаймо рафта истод. Аввал Сӯҳроб Зафар ва ҳамроҳонашро фароварданд, баъд ба мусофирони дигар иҷозати фаромадан доданд. Ростӣ, намедонам, ки як нафари дигар буд ҳамроҳаш ё ду нафар. Вале танҳо набуд Сӯҳроб Зафар” – гуфтааст манбаи “Бомдод”.

Инчунин манбаи дигари ин пойгоҳи хабарӣ гуфтааст, ки он рӯз ҳатто раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал Саймумин Ятимов барои гирифтану бурдани Суҳроби Зафар шахсан ба фурудгоҳ рафта будааст, чун ин амалиёти хеле муваффақ барои мақомоти Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

То ҳол мақомоти Тоҷикистону Туркия ин хабарро расман тасдиқ ё рад накардаанд, аммо тибқи сомонаи “Flightradar” 15-уми марти соли 2024 парвози ҳавопаймои “Боинг 738”-и ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри SZ104 (Истанбул – Душанбе) анҷом шудааст ва он соати 17:27 ба вақти маҳаллӣ дар фурӯдгоҳи Душанбе нишастааст.

Дар ҳамин ҳол Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте мегӯяд, ки ҳамагуна ахбори вобаста ба истирдоди ғайриқонунии раҳбарашон Суҳроби Зафар ва намонядаи ин ҳаракат дар Туркия Насимҷон Шариповро тасдиқ ва ё рад намекунад, зеро ягон хабари дақиқ аз манобеи расмӣ ба даст наовардааст.

Аммо “Гурӯҳи 24” бо нигаронӣ дар ин изҳорот чанд ҳолатеро қайд кардааст, ки муомилаи байни мақомоти турку тоҷикро нишон медиҳад.

Аз ҷумла, дар иттилоияи ин ҳаракат гуфта мешавад, ки дар таърихи 15-уми март телефони Насимҷон Шарипов, ки аз 23-уми феврал нопадид шуда аст, барои чанд соат фаъол шуда, паёмҳои ирсолшударо хондааст, аммо посух надодааст ва ин амал дар гузашта танҳо таввассути мақомоти қудратии Тоҷикистон пас аз истирдод ё бурдани ягон мухолифи тоҷик сурат мегирифт, яъне телефони он мухолифро фаъол карда, назорат мекарданд.

“Гурӯҳи 24” таъкид мекунад, ки ин бори аввал аст, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон дар Туркия ба таври мармуз нопадид мешаванд, чун дар гузашта замони бори аввал дастгир шудани онҳо чунин ҳолате рух надода буд ва онҳо ҳамеша пеш аз дастгир шудан ва ё баъд аз он ба ҳамсангаронашон иттилоъ медоданд.

Нуқтаи дигар гувоҳӣ аз муомилаи мақомоти турку тоҷик он аст, ки вақте наворҳои назоратиро пайгирӣ мекардем, як мошини бо шишаҳои сиёҳкардашуда дар садметрие, ки Насимҷон ғайб зад, аз камераҳои назоратӣ гузашт ва инчунин садоҳое ба гӯш мерасид, ки дар вақти боздошт Шарипов муқавомат нишон дадааст. Мешавад гуфт, ки ҳамон мошини сиёҳи сиёҳшиша, ки дар садметрии дур аз камераҳои назоратӣ гузашт, Насимҷон Шариповро рабуда буд.” – омадааст дар иттилоияи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”.

Инчунин Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин иттилоия мегӯяд, дар гузашта ҳуқуқшиносони турк дар сурати боздошти аъзои ин ҳаракат пайгири қазияҳо буданд, аммо ҳоло онҳо аз пеш бурдани қазияи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарипов худдорӣ карда истодаанд ва ҳоло “Гурӯҳи-24” таввассути ташкилотҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиноси хориҷиро ба қазияи ин ду нафар ҷалб кардааст.

Дар хулосаи ин иттилоия гуфта мешавад, ки шояд қазияи нопадидшавии аъзои ҳаракат дар Туркия бо қазияи нопадидшавии муаллимони литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон низ метавонад як муомилаи ҷадиде байни мақомоти турку тоҷик бошад, чун дар гузашта ошкор нашудани ҷиноякорони қатли марҳум Умаралӣ Қуватов дар шаҳри Истанбули Туркия бо бастани литсейҳои туркии марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен дар Тоҷикистон муомила шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамагуна тамос бо Суҳроб Зафар, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз 10-уми марти соли ҷорӣ ба ин тараф ва тамосҳо бо Насим Шарипов, намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия аз 23-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳардуи онҳо дар Туркия – кишваре, ки соли 2015 раҳбари ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватов ба қатл расида буд, беному нишон гаштаанд.

Гуфта мешавад, фаъолон ва аъзои “Гурӯҳи 24” барои пайдо кардан ва озодии Суҳроби Зафар ва Насиҷон Шарипов дар назди бинои сафорат ва консулгарии Туркия дар кишварҳои Олмону Утриш ва Фаронсаву Ҳолланд тазоҳурот баргузор карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.