26.9 C
Dushanbe

Суиқасд бо ҷони муовини раисҷумҳури Афғонистон

Амруллоҳ Солеҳ, муовини якуми раиси ҷумҳурии Афғонистон

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон имрӯз чоршанбе 9 сентябр ба ҷони муовини раисҷумҳури ин кишвар Амруллоҳ Солеҳ суиқасд сурат гирифта, мошини худравӣ ӯро бо бомб тарконданд, худи Амруллоҳ Солеҳ аз ин ҳамлаи террористӣ ҷон ба саломат бурдааст.

Гуфта мешавад, субҳи имрӯз дар шаҳри Кобули Афғонистон соати 7-и субҳи ба вақти маҳаллӣ ҳангоми ба сӯйи дафтари корӣ ҳаракат кардани муовини якуми раисҷумҳури Афғонистон бомба дар роҳи мошини ҳомили ӯ таркид. Дар натиҷаи ин инфиҷор дасти кам 10 тан кушта ва 12 нафар захмӣ шудааст. Худи муовини раисҷумҳур аз даст захмӣ шудааст.

Бино ба гузоришҳои расонаҳо, ҳадафи аслии инфиҷор Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ будааст. Ризвон Мурод, раҳбари шӯъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи муовини аввали президенти Афғонистон, дар як навиштаи худ дар Фейсбук ин хабарро тасдиқ карда, қайд кард, ки ҳадафи ҳамлаи субҳи рӯзи чоршанбе Амруллоҳ Солеҳ буд, аммо ӯ дар ин таркиш осеб надид.

Сухангӯи Дафтари муовини аввали президенти Афғонистон изҳор дошт, ки “душманони Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро куштанӣ шуданд”, ӯ қайд кард, ки ҳамлаи “террористӣ” ноком шуд ва муовини аввали Ашраф Ғанӣ сиҳату саломат аст. Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли як манбааш, ки номаш ифшо нашудааст, иттилоъ медиҳад, ки муовини аввали президенти Афғонистон гуфт, таркиш аз ҷониби як маргталаб рух додааст.

Таркиши рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Кобул

Бахши форсии хабаргузории “per.euronews” менависад, ки тасвирҳое, ки дар расонаҳои Афғонистон нашр шудаанд, кӯчаеро нишон медиҳанд, ки дар охири он дуди таркиш ба хубӣ дида мешавад. Тасвирҳои дигари интишоршуда инчунин нишон медиҳанд, ки минтақаи таркиш аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ баста шуда, дастрасӣ ба мошинҳо ва пиёдагардон масдуд шудааст.

Абдуллоҳ, як сокини пойтахти Афғонистон, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки таркиш ба ҳадде пурқувват буд, ки тирезаҳои хонааш шикаста ва фурӯ рехтаанд. Ба гуфтаи ин шоҳиди маҳаллӣ, бар асари ин ҳодиса як дӯконе, ки ба фурӯши балонҳои газӣ машғул буд низ оташ гирифтааст ва аз шиддати таркиш балонҳои дохили мағоза таркиданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.