Тағйироти кадрӣ дар Суд ва Прокуратура

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо анҷоми як қатор тағйироти кадрӣ дасти кам 10 судя, 13 прокурор ва се раҳбари телевизионҳои давлатиро аз мансабҳои худ барканор ва ба курсиҳои баландтар шинонд.

Хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад, ки “Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, раисони суди шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раиси суди ноҳияи Лахш ва судяҳои як қатор шаҳру навоҳии мамлакат бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати ваколати дар вазифаи судя будан аз вазифа озод гардида, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти хизматӣ ва таъмини адолати судӣ ба вазифаҳои масъултар таъин гардиданд.”

Инчунин дар  мақомоти Прокуратура низ тағироти кадрӣ сурат гирифта, прокуророни ноҳияҳои Роштқалъа ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокуророни шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристони вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳисоби кадрҳои ҷавонтар таъин гардиданд.

Ҳамзамон бо фамронҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон “Амирзода Дилафрӯз Субҳон – директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Маҳмудӣ Ҳамза Наврӯз – директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон», Бахтовари Сайфулло – директори Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» таъин гардиданд.”

Бар иловаи ин дар Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ низ бо судури фармонҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чандин тағйироти кадртӣ сурат гирифтааст.

Гуфтанист, Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ин кадрҳои навинтихобшуда таъкид кардааст: “Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед.”

Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуд такрори ин ҷумлаи мазкур, ки раиси ҷумҳура ҳемеша дар мулоқотҳояш бо масъулин ва бахусус кадрҳои навтаъийншудан таъкид мекунад, аммо воқеият он, ки солона мақомоти интизомӣ ва қудратӣ даҳҳо тан аз ҳамин кадрҳои интихобкардаи ӯро бо ҷурмҳои мухталиф боздошт ва равонаи зиндон мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.