Тоҷикистон зиёда аз 25 кушта ва даҳҳо захмӣ дорад

Мақомот то ҳол дар бораи теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои марзӣ иттилоъ надодаанд, вале як таҳқиқи Azdo tv маълум кард, ки дар ду рӯзи ахир зиёда аз 25 кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилооти сершуморе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пойгоҳҳои иттилоърасонӣ дар бораи қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳонаи ду рӯзи ахир дар марзҳои муштарак ва манотиқи наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух додааст, аз ду ҷониб зиёда 50 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ гардидааст.

Бар асоси иттилооти нашр шуда, дар байни қурбониёни ҳодисаҳои марзӣ бар иловаи сарбозону афсарон занону кӯдакони зиёде низ кушта ва захмӣ шудаанд. Барои мисол, то замоне, ки ин матлаб нашр мешуд, мақомоти расмии Қирғизистон теъдоди кушташудаҳоро

Аслан Менеқулов, сокини шаҳри Бохтар

Ҳамзамон сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, ки имрӯз ҷанозаи 8 нафарро хондаанд, ки 6 нафари онҳо занону кӯдакони як хонавода, як сарбоз ва як нафари дигарро ҳам хондаанд.

Дар байни занони пиронсоле, ки дар ин ҳодисаҳои хунин аз Тоҷикистон кушта шудаанд, бар иловаи хонум Каромат, як модари 61 солаи сокини шаҳри Исфара низ кушта ва ду наберааш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Инчуни гузориш шудааст, ки як духтарчаи 12-солаи дигаре низ аз Чоркӯҳи Исфара бо ҷароҳатҳои вазнин роҳии бемористон гардидааст.

Гуфта мешавад, омор ва арқоми нашр шуда дар бораи теъдоди қурбониён танҳо касонеро дар бар гирифтааст, ки наздикону пайвандонаш тайи ин ду рӯз дар бораи ҷонбохтани онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, вале теъдоди аскарону афсарон ва онҳое, ки дар бораашон касе маълумот надодааст ё дар вақти таҳқиқ мо дар бораи онҳо иттилоъ пайдо карда натавонистем, ҳисобашон ҷудо аст.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azdo tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.