Талаби мақомоти Суғд аз созмонҳои байналмилалӣ

Ҳукумати вилояти Суғд бо нашри чанд акс аз ҷойи муноқиша, аз созмонҳои байналмилалӣ даъват намудааст, ки ба аксҳо нигоҳ карда, ҳодисаҳои ахирро баҳои воқеӣ диҳанд.

18-уми сентябри соли ҷорӣ, мақомоти вилояти Суғд бо нашри хабаре даргириҳои ахир дар марзро “ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон” хонда, гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳамла дар Исфара иншооти гуногун, аз ҷумла манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидаву хароб гардидааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки мақомоти марбута барои муайянсозии хисорот гурӯҳи корӣ ташкил намуда, теъдоди иншоот ва манзилҳои истиқоматии зарардидаро дақиқ мекунад.

Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, ки осори даргирӣ дар деҳаҳои наздимарзии Исфара баёнгари он аст, ки “қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки “зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ҳодисаҳои ахирро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву захмӣ гаштанд.

Дар ин ҳодиса ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргириҳои мусаллаҳона муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.