Танҳо дар 3 моҳ наздики 1 млн тоҷикистонӣ ба Русия барои кор рафтааст

Танҳо дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ наздики 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бо мақсади кор сафар карда, дар афзоиши адади муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар ҷои аввалро ишғол кардаанд.

Тибқи омори муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 3,12 миллион шаҳрвандони хориҷӣ барои кор ба Русия сафар кардаанд, ки дар 6 соли охир ин омор бесобиқа будааст.

Тавре мақомоти Русия хабар доданд, дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар маҷмуъ 4,16 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар қайди муҳоҷират дар ҷои будубош сабти ном шудаанд, ки аз онҳо 3,12 миллион нафар (75%) ҳадафи сафари худро муҳоҷирати корӣ гфтаанд.

Гуфта мешавад, шумораи бештари муҳоҷирони кориро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин муҳоҷирони корӣ бештар дар шаҳри Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Краснодар, вилояти Иркутск, вилояти Свердловск, Приморск, вилояти Амур, вилояти Самара ва Красноярск ҷойгир шудаанд.

Мувофиқи ин омор, ҷои аввалро дар байни муҳоҷирони корӣ (1,54 миллион нафар ё 49,6%) шаҳрвандони Узбакистон ишғол кардаанд. Ҷои дуввум, яъне тақрибан сеяки тамоми муҳоҷирони кориро шаҳрвандони Тоҷикистон (952 ҳазор нафар ё 30,5%) ташкил додаанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон (223,4 ҳазор нафар ё 7,2%), Арманистон (108,2 ҳазор нафар ё 3,5%), Озарбойҷон (79 ҳазор нафар ё 2,5%), Белорус (42,7 ҳазор нафар ё 1,4 %), Қазоқистон (34,6 хазор нафар ё 1,1%), Чин (32,2 хазор нафар ё 1%), Украина (ба ҷуз Донетск ва Луганск; 28,2 хазор нафар ё 0,9%), Молдова (17,2 хазор нафар ё 0,6%) ва боқӣ 54,2 хазор нафар ё худ 1,7 % сокинони дигар кишварҳо ташкил доданд.

Ба қавли манбаъ, афзоиши бештар дар адади муҳоҷирони корӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон дида мешавад. Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ адади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406,9 ҳазор нафар ё 74,6% афзоиш ёфтааст, ки байни кишварҳои дигар дар ҳисоби фоизӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Аммо, афзоиши адади муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар ҳамин давра 36% ташкил додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.