36.9 C
Dushanbe

Таркиши мудҳиш дар Бейрут пойтахти Лубнон

Шоми 4 август дар минтақаи бандари шаҳри Бейрут пойтахти Лубнон таркиши бузурге ба вуқуъ пайваст, ки садҳо қурбонӣ баҷо гузошт. Мақомоти амниятии Лубнон дар натиҷаи таркиш аксари кӯчаву хиёбонҳоро бастанд ва беморхонаҳо пур аз захмиёни ин таркиш шудаанд.

Бар асоси гузоришҳои нашр шуда то кунун ба сабаби ин инфиҷори бузург 50 кас кушта ва 2750 тан захмӣ шудаанд. Вазири тандурустии Лубнон доктор Ҳамад Ҳасан ба шабакаи хабаргузории “Алҷазира” гуфт, ки аз байни кормандони тиб низ 7 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузориҳои рамсӣ навиштаанд, ки шумори захмиёни ин таркиш беҳисоб аст ва айни замон Салиби Сурх ба интиқоли осебдидагон ба беморхонаҳо машғул аст. Мудири кулли созмони Салиби Сурхи Лубнон гуфтааст:

“Бар асари ин таркиш даҳҳо нафар ҷон бохтаву садҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Вазъият ғайри оддӣ аст”.

Салиби Сурхи Лубнон вобаста ба вазъияти ба амаломада ҳолати изтирорӣ эълон кардааст, ҳамзамон беморхонаҳои пойтахт аз мардум даъват кардаанд, ки барои донорӣ (додани хун) ба захмиён бишитобанд.

Вазири тандурустии Лубнон баъд аз пур шудани беморхонаҳои пойтахт аз захмиён дастур дода, ки маҷрӯҳонро ба беморхонаҳои атрофи шаҳри Бейрут бибаранд.

Шабакаи “Алҷазира” менависад, ки сафири Қазоқистон низ захмӣ шудааст ва ҳамчунин қисме аз бинои сафоратхонаи ин кишвар бар асари ин таркиши мудҳиш осеб дидааст.

Мақомоти амниятии Лубнон сабаби таркишро ба оташсӯзие рабт доданд, ки он боиси инфҷори анборе шуд, ки дар он маводи қобили инфиҷор нигаҳдорӣ мешуд. Бино ба гузоришҳо маводи мунфаҷирае, ки чанд соли ахир мусодира шуда буданд дар ин анбор нигаҳдорӣ мешудаанд.

Шаҳрдории Бейрут пайтахти Лубнонро шаҳри офатзад эълон кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.