37.9 C
Dushanbe

Ташрифи сарвазири Узбекистон ба Тоҷикистон

Имрӯз 29 сентябр Абдулло Орипов Сарвазири Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе омад, муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар фурудгоҳ ӯро пешвоз гирифт.

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ доир мегардад, ки дар он ҳайатҳои ҳар ду кишвар таҳти раёсати сарвазирони давлатҳо Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов масоили ифтитоҳи сарҳади давлатӣ ва барқарор намудани парвозҳо байни кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз иштирок дар кори Комиссияи байниҳукуматӣ, сарвазири Узбекистон Орипов ҳамчунин аз ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, боздид намуда, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ҳамчунин дар назар аст, сарвазири Узбекистон бо фаъолияти корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии Тоҷикистону Ӯзбекистон – «Artel Avesto Electronics»  дидан кунад. Мақомоти тартиботии Душанбе эълон карданд, ки ба хотири ташрифи меҳмонҳои воломақом аз ҳамсоякишвар бархе аз роҳҳои шаҳр давоми рӯз баста мегарданд.

Рӯзи 28 сентябр як ҳайати тоҷирони Узбекистон ба Тоҷикистон омада буданд ва дар форуми иқтисодии байни ду кишвар, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, ширкат варзиданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...