Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” эълон кардааст, ки рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Берлини Олмон алайҳи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо хоҳанд кард.
Фаъолони “Гурӯҳи 24” аз тоҷикони муқими Аврупо, бахусус Олмон даъват доранд, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат кунанд ва дар сарнавишти худ саҳмгузор бошанд.
Дар ин эълон гуфта мешавад, ки тазоҳурот рӯзи 28-уми сентябр, соати 15:00 дар рӯ ба рӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор мешавад.
Маълум нест, ки мухолифон аз дигар ҳизбу гурӯҳҳо, ба мисли Паймони миллии Тоҷикистон ва Ватандор дар ин тазоҳурот ширкат хоҳанд кард ё на.
Гуфта мешавад, рӯзи 29-уми сентябри соли ҷорӣ қарор аст дар шаҳри Берлин мулоқоти президентҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Олмон Френк Валтер Штейнмайер баргузор шавад. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Олмон хабар додааст.
То ҳол мавзуи гуфтугӯҳо нашр нашудааст ва мақомоти Тоҷикистон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон чизе нагуфтаанд.
Матни комили эълони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”:
Диққат!!!
Даъватномаи омавӣ !
Шаҳрвандони азиз, онҳое ки дар Урупо қарор доред! Он гунае ки аз расонаҳои расмӣ огаҳӣ пайдо кардед, рӯзи29-уми сетябри соли ҷорӣ президенти Олмон – Штайнмаер бо 5 роҳбари Осиёи марказӣ дидоре хоҳад дошт. Дар ин дидор Раҳмонов ҳам ширкат хоҳад кард!
Бинобарин, тоҷикони муқими Олмон рӯзи 28-уми сентябр, соати 15:00 дар рӯ ба рӯи бинои Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳамоиише барпо хоҳанд кард!
Аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонии муқими Урупо ва ба хусус Олмон даъват мешавад, ки ба ин ҳамоиш ҳузур биёранд ва дар сарнавишти худ саҳмгузор бошанд! Бубинем, ки Раҳмонов оё қодир аст, бо шаҳрвандони худ дар як фазои озод дидоре дошта бошад ва дарду мушкилоти мардумро мустақиман, бидуни хушомадгӯйҳояш, бишунавад ё хайр!
Шаҳрванди азиз, агар дар тарроҳии сарнавишти хеш саҳме нагирӣ, пас сарнавиштат бо даст ва хоҳишоти дигарон навишта хоҳад шуд!
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи зерин ҳузур биёранд!
Олмон, ш. Берлин 10559, хиёбони Parleberg 43,
⁃ Parlabergerstr.43, 10559 Berlin