Имрӯз, 29-уми сентябр чанде аз мухолифони тоҷик бо шумули Паймони миллии Тоҷикистон ва шахсони алоҳида, инчунин мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон даст ба таҷаммуи эътирозӣ зада, сафари раҳбарони ин кишварҳоро маҳкум карданд.
Тазоҳуроти мухолифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Берлин, муқобили қасри Садриаъзами Олмон, маконе, ки нишасти президентҳо идома дорад, баргузор шуд.
Эътирозгарон дар дасти худ овезаеҳоеро бо шиорҳои “озодӣ ба зиндониёнӣ зиёсӣ” ва озодӣ ба шахсиятҳои алоҳида бардошта, аз мақомоти Олмон хостанд, ки бо президентҳои диктатор ва онҳое, ки ҳуқуқи инсон барояшон арзиш надорад, муносибат накунанд.
Муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон Алим Шерзамонов зимни суханронӣ дар ин гирдиҳамоӣ, дар хитоб ба мақомоти Олмон таъкид кард, ки “Шумо чӣ гуна бо диктаторе, ки ҳуқуқи мардумашро поймол мекунад, бегуноҳ рӯзноманигорон, озодандешон ва мухолифонашро саркӯб мекунад ва ба зиндон меандозад, даст мефишоред?“
Аммо то ҳол аз намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё аз намояндагони ҳукумати Олмон касе назди тазоҳуркунандагон набаромада ва бо онҳо суҳбат накардааст.
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон барои ҳузур дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер иштирок хоҳанд кард. Қарор аст, ин сафар то фардо, 30-уми сентябр идома пайдо кунад.
Субҳи имрӯз АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот карда, ҷонибҳо масоили “тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкории байниминтақавӣ”-ро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, Эмомлаӣ бо ҳамтои олмонияш зимни ин мулоқот низ дар мавриди “ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон” гуфтугӯ карданд.
Ҳамзамон бо расонаӣ шудани хабари мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, Дидбони Ҳуқуқи Башар бо нашри изҳороте аз мансабдорони Олмон хоста, ки зимни мулоқот бо раҳбароин ин кишварҳо вазъи бади ҳуқуқи инсонро дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон баррасӣ кунанд.
Дар пасманзари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Олмон, мухолифони ин ҳукуматҳо, аз ҷумла мухолифи режими Эмомалӣ хабар дода буданд, ки рӯзҳои 28 ва 28-уми сентябр дар назди сафаорати Тоҷикистон дар Берлин ва дар макони баргузории нишастҳои президентҳо тазоҳурот баргузор мекунанд.