14.9 C
Dushanbe

Террори Мамадбоқир ПМТ ва “Гурӯҳи-24”-ро ‘муттаҳид’ карду дигаронро аз сиёсат дур

Бархе аз фаъолони мухолифини Эмомалӣ Раҳмон пас аз террори Мамадбоқир Мамадбоқиров аз идомаи роҳ дилмондаву ҷамъе дигар таъкид доранд, ки бар азми худ устуворанд.

Пеш аз ин 21-уми майи соли 2022 эътилофи гурӯҳе аз мухолифин бо номи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо нашри як баёнияи расмӣ эълон кард, ки бо вуҷуди сахтиҳо дар ин роҳи худ устувор ва барои расидан ба аҳдофаш ба муборизаҳои худ идома медиҳад.

Ба назар марасад, баёнияи ПМТ замоне навишта шудааст, ки муаллиф ва ё худ муаллифони он пас аз шунидани хабари кушторҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон таодули фикрӣ ва сиёсии худро гум карда, матни баёнияро замоне таҳия карда буданд, ки эҳсосоти худро дуруст контрул карда наметавонистанд.

Барои мисол, раҳбарони ин ин эътилофи сиёсӣ хуб медонанд, ки зиёда аз 9 моҳ мешавад, ки кишвари Афғонистони ҳамсоя, яке аз кафилони Сулҳи тоҷиконро Толибон идора мекунанд. Толибоне, ки ҷуз худашон ҳеч кишваре дар дунё онҳоро ба расмият намешиносад ва касе ҳам эълон накардааст, ки омодааст дар ояндаи наздик ҳукумати онҳо бар Афғонистонро эътироф мекунад. Дар ҳоли ҳозир барои як гурӯҳи сиёсӣ, чун ПМТ кумак хостан аз Толибон ба маънои омода кардани худ барои ба дор овехтан аст.

Иштибоҳи дигаре, ки ин эътилофи сиёсӣ “муртакиб” шуд, он буд, ки таҳдид карда гуфт, “зарур шавад, силоҳ мебардорем”, аммо дертар вақте таодули худро дубора қисман сари ҷояш овард, дасти кам дар матни тоҷикии баёния аз ин таҳдиди худ даст кашида, ҳам худаш ва ҳам аз расонаҳои зертобеаш, ки ин матбалро нашр карда буданд, хост, ин ҷумларо аз матни баёния ҳазф кунанд. Аммо ҷумлаи “зарур шавад, силоҳ мебардорем”, то замони таҳияи ин матлаб дар матни форсии он маҳфӯз аст.

Ба ин ҳол, дар ин лаҳзаҳои барои хелеҳо ҳассос ин гуна “бозӣ” кардан бо афкори мухтобон ҷамъе аз хонандаҳои закӣ ва андешамандонро водор кард, ки як бори дигар ба таҳдидҳои ахири Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон фикр кунанд.

Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ахиран гуфта буд, “вақте Тоҷикистон нерӯҳои мухолифини ҳукумати Толибонро ҷой дода, аз онҳо пуштибонӣ мекунад, раҳбарони феълии Афғонистон низ метавонанд дасти кам 2-3 ҳазор мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро дар Афғонистон паноҳгоҳ бидиҳанд ва барои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон душвор мешавад, ки вазъияти пешомадаро муҳор кунад”. Ин гуфтаҳо водор мекунад, ки аз нав як бори дигар дар ин мавзуъ хуб фикр кунанд.

Инчунин хабарҳои ахир дар бораи ташкили нерӯҳои мусаллаҳи мухолифини ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳам як бори дигар дар зеҳни онҳо чанд суолеро матраҳ кард.

Аз сӯи дигар террори шаҳид Мамадбоқир Мамадбоқиров ба ҳаракати “Гурӯҳи 24″ низ бетаъсир набуд. Ин гурӯҳ Мамадбоқир Мамадбоқировро “шаҳиди роҳи ҳақ” хонда гуфт, ки “мақомоти интизомӣ дар доираи як нақшаи қаблан тарҳерзишуда” ӯро “ба шаҳодат расониданд.

Инчунин раҳбарони ин бо ташкили як чорабинии сиёсӣ ва баргузории тазоҳурот дар назди бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Бони Олмон даъват карданд. Дар ин тазоҳурот барои аввалин бор пас се-чор соли ахир мухолифтаҳои гурӯҳӣ байни “Гурӯҳи-24” ва ПМТ нодида гирифта шуд ва муовини ПМТ Алим Шерзамонов ҳам дар он тазоҳурот иштирок ва суханронӣ кард. Ба қавли дигар, шаҳодати Мамадбоқир Мамадбоқиров сабаби иттиҳоди ин ду гурӯҳ шуд.

Аммо аз ҷониби дигар ду тан аз фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон, ки бидуни пайвастан бо ин гурӯҳҳо фаъолиятҳои сиёсии худро алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар алоҳидагӣ солҳо ин ҷониб ба роҳ монда буданд, эълон карданд, ки аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, ба корҳои дигаре машғул мешаванд. Бархе аз баҳонаҳои асосии ин ду фаъоли сиёӣ: Вайсиддин Одинаев ва  Аҳмад Карим  “мардуми мо ҳанӯз ҳам омодаи дигаргунӣ нестанд” ва қадр накардани фаъолиятҳои муборизон зикр шудааст.

Дар посух ба ин тасмимҳои фаъолони сиёсӣ хелеҳо барои онҳо роҳи сафеду барори кор хостаанд ва гурӯҳе ҳам гуфтаанд, ки алвидоъ гуфтани онҳо бо сиёсат ва карахтӣ ва ё кам аҳамиятии миллату мардумро баҳона пеш овардани онҳо нишони заъфи иродаи худи онҳост, на миллату мардум.

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Аз идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Azda tv нестанд.

Эзоҳ: Дар ҳоли вокуниши ҳар тараф ба ин матлаб Azda tv омода аст, назари дигаронро низ нашр кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.