37.9 C
Dushanbe

Тихановская бо намояндаи Амрико барои ҳалли буҳрони Белорус мулоқот анҷом додааст

Акс аз: www.aravot-ru.am

Стивен Бигэн,муовини аввали вазири хориҷаи Амрико бо Светлана Тихановская,номзади мухолифин дар интихоботи президентии Белорус дар пойтахти Литва мулоқот ва василаҳои “таҳкими демократяи ва ҳимояти ҳуқуқи инсон дар ин кишвар”-ро баррасӣ кардааст.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба баёнияи интишорнамудаи хадамоти матбуоти вазорати хориҷии Амрико дар ин бора рӯзи душанбе хабар додааст. Дар ин баёния омадааст:

“Муовини аввали вазорати хориҷаи Амрико бо лидери оппозитсияи Белорус   Светлана Тихановская дидор дошт, то авзоъ дар ин кишвар ва низ зарфияти  ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунад”.

Муовини вазири хориҷии Амрико эҳтироми Амрико барои истиқлолият ва тамомияти арзии Белорус ва ҳуқуқи мустақили халқи мамлакат дар амри интихоби лидерони худ ва таъйини ояндаи худро таъкид кардааст,омадааст дар ин баёния. Вазорати хориҷаи Амрико афзудааст, Бигэн  ҳамчунин бо вазирони хориҷӣ ва дифои Литва Линас Линкявичюс ва Раймундас Кароблис ва дигар мақомоти расмӣ мулоқот кардааст то ҳолат дар Белорус,роҳҳои муовимат ба таҳдидҳои Русия ва Чин ва низ пешрафти ҳуқуқи башар ва демократяро баррасӣ кунад. Қаблан хадамоти матбуоти  вазорати хориҷаи Амрико хабар дода буд,ки Бигэн аз  24 то 27 ба  Русия, Литваа ваУкраина сафари корӣ анҷом медиҳад.

Мулоқоти муовини вазири хориҷаи Амрико бо Светлана Тихановская,лидери оппозитсияи Белорус дар ҳоле мегузарад,ки Иттиҳоди Аврупо натоиҷи интихобот дар Белорусро напазируфт.Мухолифини Белорус  рӯзи душанбе дар як тазоҳуроти даҳҳоҳазонафарӣ истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи такрорӣ дар ин кишварро  талаб карда истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...