Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шукуфоӣ аз рӯи озодии баён дар поёни рӯйхат қарор гирифт

Радабандии нави ҷаҳонии шукуфоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар баробари натиҷаҳои нисбатан хуб дар баъзе бахшҳо, аз рӯи озодии баён ва сифати фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ҳамоно дар миёни кишварҳои дорои пасттарин нишондиҳандаҳо қарор дорад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шукуфоии “Legatum Prosperity Index 2026” дар миёни 161 кишвари ҷаҳон мақоми 129-умро касб карда, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифтааст.

Дар миёни кишварҳои минтақа Қазоқистон бо ишғоли мақоми 66-ум беҳтарин натиҷаро нишон дода, пас аз он Қирғизистон (87-ум), Узбекистон (94-ум), Тоҷикистон (129-ум) ва Туркманистон (150-ум) ҷой гирифтаанд.

Бар асоси маълумоти ин радабандӣ, беҳтарин нишондиҳандаи Тоҷикистон ба робитаҳои дохили ҷомеаҳои маҳаллӣ марбут буда, аз рӯи ин меъёр кишвар дар мақоми 41-ум қарор гирифтааст. Ин нишондиҳанда сатҳи эътимоди байни шаҳрвандон, кумак ба ҳамдигар ва ҳамбастагӣ, иштироки мардум дар ҳаёти ҷомеа, сатҳи ҷинояткорӣ ва муносибати сокинон ба мақомоти маҳаллиро дар бар мегирад.

Тоҷикистон ҳамчунин аз рӯи сатҳи маориф ва устувории муносибатҳои оилавӣ натиҷаи нисбатан беҳтар дошта, дар ҳар ду бахш мақоми 57-умро соҳиб шудааст.

Аммо дар чанд самти муҳим кишвар мақоми пасттаринро ба даст овардааст. Аз ҷумла, аз рӯи озодии баёни андеша ва изҳори мухолифат Тоҷикистон дар мақоми 155-ум қарор гирифтааст. Ин бахш имкони шаҳрвандон, рӯзноманигорон ва созмонҳои ҷамъиятиро барои озодона баён кардани назарҳое, ки аз мавқеи ҳукумат фарқ мекунанд, арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз рӯи сифати фаъолият ва поквиҷдонии ниҳодҳои давлатӣ дар мақоми 149-ум, аз рӯи сулҳи шаҳрвандӣ, амният ва фаъолияти ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар мақоми 136-ум, аз рӯи озодии иқтисодӣ дар мақоми 126-ум, аз рӯи вазъи саломатии аҳолӣ Тоҷикистон мақоми 101-ум ва аз рӯи сатҳи зиндагӣ мақоми 119-ум ҷой гирифтааст.

Дар се самти асосии радабандӣ Тоҷикистон аз рӯи рушд (Development) дар мақоми 110-ум, аз рӯи озодӣ (Freedom) дар мақоми 146-ум ва аз рӯи ҷомеа (Society) дар мақоми 114-ум қарор гирифтааст.

Дар “Legatum Prosperity Index 2026” Швейтсария мақоми аввалро касб карда, Эритрея бошад, бо ишғоли мақоми 161-ум дар зинаи охири раддабандӣ қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, “Legatum Prosperity Index” сатҳи шукуфоии кишварҳоро танҳо аз рӯи даромади аҳолӣ арзёбӣ намекунад. Ҳангоми таҳияи ин радабандӣ беш аз 150 нишондиҳанда истифода шуда, ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ЮНЕСКО, Gallup, V-Dem ва дигар созмонҳои байналмилалӣ такя мешавад.

Ба гуфтаи таҳиягарони радабандӣ, дар тӯли солҳои арзёбӣ беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон мақоми 125-ум, бадтарин натиҷа мақоми 141-ум ва миёнаи ҷойгоҳи кишвар мақоми 133-юм будааст.

Муаллифони радабандӣ ҳамзамон таъкид мекунанд, ки тағйир ёфтани ҷойгоҳи кишварҳо на ҳамеша танҳо ба вазъи онҳо вобаста аст, зеро усули ҳисоб ва нишондиҳандаҳои арзёбӣ давра ба давра бозбинӣ ва такмил карда мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Фирдавс Киллер” дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Фирдавс Салоҳов, зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки дар ҳайати нерӯҳои Русия бар зидди Украина меҷангид, кушта шудааст.

Чор узви як хонавода дар садамаи маргбор ҷони худро аз даст доданд

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат шаш нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса субҳи 1-уми августи соли 2026 дар роҳи Норак–Ваҳдат, дар ҳудуди минтақаи Зардолуи шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Тоҷикистониён барои визаи ИМА метавонанд то 20 ҳазор доллар гарав супоранд

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барномаи гарави раводид (Visa Bond Program)-ро ба таври доимӣ ҷорӣ кард.

Трамп музокирот бо Эронро аз амалиёти низомӣ беҳтар медонад?

Доналд Трамп хабар дод, ки Вашингтон тасмим гирифтааст ҳамлаи банақшагирифташуда алайҳи Эронро ба таъхир андозад ва ба музокирот имконият диҳад.