27.9 C
Dushanbe

Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Ҳиндустон бо имзои як санади расмӣ мехоҳанд ҳамкориҳои тиҷоратии худро густариш диҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 29-уми октябри соли 2024 дар ҳошияи нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон як санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Ин Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва аз ҷониби Ҳиндустон Субҳрансу Секхар Ачарйа, раиси Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон имзо карданд.

Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ки дар бораи имзои ин санад хабар додааст, таъкид мекунад, ки ҳадаф аз имзои ин санадро ҷонибҳо тақвияти ҳамкорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна ва пешбурди ҳамкориҳо барои омӯзиш ва рушди малака унвон кардаанд.

Гуфта мешавад, нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургияи Тоҷикистон дирӯз, 29-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз карда, дар кори он намояндаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистону Ҳиндустон ва Эрону Арабистон ҳам иштирок кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳоро “саноатикунонии босуръати мамлакат, дастгирии рушди устувори саноат, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ, рушди ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи саноат” унвон кардааст.

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, Ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмони 72-сола аксари конҳои тилову нуқураи кишварро бо роҳҳои ғайриқонунӣ, гирифтани пора, ва ғайра дар ихтиёри хориҷиҳо ва бахусус чиниҳо додааст. Даромади асосӣ аз ин конҳо низ на баҷуи давлат, балки ба ҷайби бархе наздикону пайвандони худи раиси ҷумҳур, ки ин ҳама конҳоро ба гуфти худашон “сарпарастӣ” мекунанд, соҳиб мешаванд.

Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, дар Тоҷикистон садҳо соҳибкору тоҷири муваффақе вуҷуд дорад, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, як гӯшаи ватани худро обод кунанд, аммо чун фасоди молӣ ва идораӣ дар тору пуди ин ҳукумат реша давондааст, бархе ҳукуматдорон ин дафъа ҳам мехоҳанд, ки конҳои дигарро бо чунин роҳҳои ғайриқонунӣ дар ихтиёри хориҷиҳо қарор диҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.