19.9 C
Dushanbe

Дар ним сол Тоҷикистон аз андози Google 1,5 миллион сомонӣ даромад дид

Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба буҷети кишвар аз ҳисоби андозбандии Google беш аз 1,5 миллион сомонӣ ворид гаштааст.

Тавре “Ховар” дар истинод ба маълумоти Кумитаи андози кишвар хабар дод, аз андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон ба хизматрасониҳои электронӣ машғуланд, аз аввали соли ҷорӣ то 1-уми август дар маҷмуъ 23 ширкати хориҷӣ, “аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайраҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудаанд.”

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи андоз, дар муддати беш аз ним сол ҳаҷми андози ҷамъоваришуда аз ҳисоби ширкатҳои мазкур беш аз 1,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт шудааст.

“Ҳамзамон бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ, анҷом додани корҳои профилактикӣ ва таъмини риояи муқаррароти қонунгузории андоз аз ҷониби ширкатҳои хориҷие, ки тавассути шабакаҳои интернет ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, ба суроғаи электронии дигар ширкатҳои хориҷие, ки ба фаъолияти хизматрасонии фосилавӣ машғул мебошанд, мактубҳои дахлдор ирсол карда шуда, онҳо тибқи тартиби муқарраршуда худро дар мақомоти андоз дар шакли электронӣ ба сифати андозсупоранда ба қайди давлатӣ гузошта истодаанд”,- омадааст дар хабар.

Дар Тоҷикистон шуруъ аз аввали соли 2021 қонун дар бораи андозбандӣ аз даромади хидматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ ба ҳукми амал даромад. Аз оғози татбиқи ин қонун Тоҷикистон аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ, ки ба хидматрасониҳои электронӣ машғуланд, беш аз 3,5 миллион сомонӣ ба буҷети кишвар ворид гаштааст.

Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи андоз дар Тоҷикистон, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои ширкатҳои хориҷие, ки мустақиман ё бавосита ба шахсони воқеӣ тариқи онлайн хидматрасониҳо пешниҳод мекунанд, 15%-ро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи мусаллаҳона дар мактаби миёнаи Туркия 16 захмӣ баҷо гузошт

Рӯзи 14-уми апрели соли 2026, дар яке аз мактабҳои миёна дар Туркия ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дастикам 16 кас захмӣ шуданд.

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти кишвар талош доранд, хонаи Саид Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.