27.9 C
Dushanbe

Раҳимзода аз СММ хостори кумак барои паноҳҷӯён дар Тоҷикистон шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 14-уми март аз Намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагон барои кумак ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ дархости кумак кард.

Рамазон Р. вазири ВКД бо Намояндаи СММ дар умури паноҳандагон Мулугета З. (Акс аз ВКД)

Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар дод, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар самти кор бо паноҳандагони афғонистонӣ ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу расонидани кумак ба онҳо гуфтугӯ карданд.

Дар мулоқот вазири корҳои дохилии кишвар мушкилоти паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистонро яке аз масъалаҳои “душвор” унвон” карда, барои қабули бештари онҳо дар ҳудуди кишвар аз Намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дархости кумак кард.

Гуфта мешавад, Мулугета Зевди дар навбати худ аз ҳамкории судманд изҳори миннатдорӣ намуда, барои рафъи мушкилоти паноҳандагон ва фароҳам сохтани шароити беҳтар ваъдаи кумак кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.