Худдории Тоҷикистон аз овоздиҳӣ алайҳи Русия дар СММ

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномае аз Русия даъват кард, ҷангиро хотима дода, нирӯҳояшро аз қаламрави Украина берун барад.

Маҷмаи умумии СММ ин қатъномаро шаби 23 ба 24-уми феврал дар яксолагии ҳамлаи бедалели Русия ба Украина баррасӣ кард ва ба овоз гузошт.

Ба тарафдории ин қатънома аз 193 кишвари ширкаткунанда 141 кишвар раъйи мусбат доданд. Ҳафт кишвар – Русия, Беларус, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Мали ва Никарагуа зид овоз доданд.

32 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Чин, Ҳинд, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Куба, Арманистон ва ғайра аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Ин қатънома бо аксарияти овозҳо қабул карда шуд. Баъд аз қабули санади мазкур Президенти Украина Владимир Зеленский ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Дмитрий Кулеба дар саҳфаи твиттериашон навиштанд, ки “қатънома паёми қавии ҳимояти ошкори ҷаҳонӣ аз Украина аст” ва “бо гузашти як сол аз оғози ҷанг ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз Украина қавӣ боқӣ мондааст”.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар қатори 35 давлати дигари ҷаҳон аз овоздиҳӣ дар қабули қатънома алайҳи Русия худдорӣ карда буд.

Русия қатъномаро “нобаробар ва зиддирусӣ” хонда, аз кишварҳои ҷаҳон хост, дар сурати ислоҳ накардани қатънома, ба он раъйи манфӣ диҳанд.

Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, ҳангоми тарҳи қатънома онро “зидди Русия ва зараровар”, “якҷониба ва аз воқеият дур” хонда буд. Илова бар ин, Небензя таъкид карда буд, ки ин санад имкон намедиҳад низоъ дар Украина бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шавад.

Гуфта мешавад, намояндаи Беларус дар СММ талошҳои зиёде барои тағйири матни қатънома анҷом додааст, аммо дар ниҳоят кӯшишҳояш бенатиҷа анҷомид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико киштиҳои Эронро ҳадаф гирифт, Теҳрон посух дод

Амрико рӯзи 8-уми сентябр панҷ киштии нафткаши Эронро дар обҳои Халиҷи Форс ва наздикии ҷазираи Харк нобуд карданд.

Корманди собиқи ОМОН: Ба Тоҷикистон барнамегардам, ба ваъдаи афв бовар надорам

Мақомоти Тоҷикистон ба воситаи фишор болои хонаводаи як фирорӣ ва собиқ корманди сохторҳои қудратӣ, мехоҳанд ӯро ба кишвар баргардонанд.

Оё муҳоҷирон дар Лаҳистон бояд ҳамеша бо худ шиноснома дошта бошанд?

Хориҷиён дар Лаҳистон вазифадор нестанд, ки ҳамеша шиносномаро бо худ гардонанд, аммо ҳангоми санҷиш Хадамоти марзбонӣ ҳақ дорад нусхаи аслии ин санадро талаб кунад.

Қарори нав: ВКД-и Русия даромади муҳоҷиронро месанҷад

Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия тартиби нави санҷиши даромади муҳоҷирони кориро таҳия кардааст.