30.9 C
Dushanbe

Мусобиқаи ҷаҳонии дучархаронӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ аз 25-ум то 29-уми марти соли ҷорӣ бо ҳузури намояндаҳои 35 давлат дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Усома Аш-Шаъфор, Раиси Иттиҳоди дучархаронони Осиё ба хабаргузории давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ВОМ гуфтааст, ки дар соли 2022 Тоҷикистон мақсади аввали дучархаронони Осиё мебошад.

Ба гуфтаи Усома Аш-Шаъфор дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ, ки баҳори имсол дар рӯзҳои Наврӯзӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дучархаронони 35 давлати дунё ширкат хоҳанд кард.

Пеш аз ин Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе аз 25-28-уми марти соли 2022 гузаронида мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...