30.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон содироти сементро ба 2 миллион тонна расонданист

Тоҷикистон қасд дорад то соли 2024 содироти сементро солона ба 2 миллион тонна расонад. Дар ин бора дар “

Акс аз Asia-Plus

Бар асоси ин санад, афзоиши солонаи содироти семент 200 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, то он вақт ҳачми истеҳсоли ин масолеҳи бинокорӣ бояд ба 7 миллион тонна дар 1 сол расонда шавад.

Феълан дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул аст, ки иқтидори солонаи онҳо дар маҷмӯъ 5,6 миллион тонна маҳсулот арзёбӣ мешавад.

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст. Тибқи оморҳои расмӣ соли гузашта беш 1,4 миллион тонна сементи истеҳсолшуда бо нархи 65,4 млн доллар ба кишварҳои ҳамсоя содир шудааст.

Агар Тоҷикистон тавонад солона 2 млн тонна семент содир кунад, танҳо аз содироти он 98 млн доллар ба даст меоварад.

Тибқи оморҳои расмӣ, тамоми талаботи дохилӣ ба семент, ба истиснои сементи ранга аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ карда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...