35.9 C
Dushanbe

Тоҷири тоҷик дар Дубай толори варзишӣ кушод

Тоҷири тоҷик Дилшод Ҷӯраев дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ яке аз бузургтарин толорҳои варзишӣ дар миқёси Ховари Миёнаро боз кард.

Рӯзи 12-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Дубай толори варзишии UFC Gym бо масоҳати 2500 м2 кушода шудааст.

Дар кушодашавии ин толор варзишгари шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев, варзишгарони шинохтаи рус Забит Магомедшарипов ва Магомед Магомедов, инчунин дигар чеҳраҳои шинохтаи тоҷику хориҷӣ ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад, ин толор ба “FIFTYFIVE GROUP”, ки раҳбарии онро бародарон Ҷӯраевҳо, бахусус Дилшод Ҷӯраев бар уҳда дорад, тааллуқ дорад.

Дилшод Ҷӯраев (Ҷӯразода) дар ин хусус дар саҳфаи фейсбукии худ навиштааст, ки “Мо се сол боз болои ин воқеаи муҳим бисёр кор карда истодаем ва шукр, ки ин рӯз фаро расид. Мо умедворем, ки толори варзишӣ бо барномаҳои беназири омӯзишии худ тавассути таҳияи бренди машҳури UFC ба ҷомеа фоидаи калон меорад, аммо ҳамчун соҳибкорон мо бояд дар самти сифат ва хидмат кор кунем, стандартҳо дар АМА хеле баландтар аз Осиёи Миёна мебошанд!”.

“FIFTYFIVE GROUP” ё “Гурӯҳи 55”, ки соли 2011 дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки он аз 15 ширкати хурокворӣ, молия, ҳавопаймоиву сайёҳӣ, либоса ва ғайра иборат мебошад.

Инчунин ба “FIFTYFIVE GROUP” «Multikid Education Consulting» – агентии ягонаи хизматрасонии машваратӣ дар самти таълим дар хориҷа ва ширкати букмекерии “Formulla 55” тааллуқ доранд.

Як нафаре, ки бо кори “FIFTYFIVE GROUP” шинос аст, бе зикри номаш ба Azda TV гуфт, ин ширкат даромади асосиро аз ширкати букмекерии “Formulla 55” ба даст меорад, “Formulla 55” бозорро дар кишвар пурра инҳисор кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Дилшод Ҷураев, ки ҳамзамони ноиби Федератсияи футболи Тоҷикистон низ мебошад, ба хотири дӯст буданаш бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз имтиёзҳои зиёде дар соҳаи тиҷорат бархурдор аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.