27.9 C
Dushanbe

Даъват: Муҳоҷирон дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунед

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон аз тоҷикистониҳои муқими Алмаато хостааст, ки дар рушди кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 22-уми августи соли 2022 Равшан Бобохонзода, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато бо фаъолони диаспора ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Алмаато мулоқот кардааст.

Ба қавли манбаъ, дар ин вохӯрӣ Равшан Бобохонзода аз муҳоҷирон ва “ҳамватанони бурунмарзӣ” хостааст, ки “барои рушди саноатикунонии кишвар, саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва масъалаи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” кумак кунанд.

Гуфта мешавад, ин даъват ва пешниҳоди мақомоти Тоҷикистон аз муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои сармоягузорӣ дар кишвар ва ҷалби сармоя ба он дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз ҳад зиёд рушд кардани фасоди идорӣ, ғасби моликият ва тиҷоратҳо тавассути афроди наздик ба оилаи ҳукмрон дар Тоҷикистон хеле аз тоҷирон ва сармоягузорони ватаниро маҷбур карда, ки моликияти худро ба берун кӯчонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.