28.9 C
Dushanbe

Толибон ба духтарон иҷоза доданд, ки таҳсил кунанд

Толибон бо гузашти 8 моҳ аз дубора сари қудрат омадан шуруъ аз моҳи майи соли ҷорӣ ба духтарони болои синфи шаш иҷоза медиҳанд, ки ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ҳукумати сарпараст бо раҳбарии Толибон дар Афғонистон бо судури як қарор гуфтааст, ки духтарон метавонанд шуруъ аз 5-уми майи соли 2022 ба мактабу донишгоҳҳо рафта дарс бихонанд.

Тибқи ин қарори Толибон пас аз ин духтарони болои синфи шаш, ки то кунун аз рафтан ба мактабу донишгоҳҳо маҳрум буданд, метавонанд дар рӯзҳои шанбе, душанбе ва чошанбе ба мактабу донишгоҳҳо рафта таҳсил кунанд ва дарсҳои писарон ҳам дар рӯзҳои якшанбеву сешанбе ва панҷшанбеи рӯзҳои ҳафта ба роҳ монда мешавад.

Пеш аз ин ба рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ бархе фаъолони ҷомеаи маданӣ, аз он ҷумла падару модари Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Нобел бо роҳандозии як иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Толибон интиқод карда гуфта буданд, ки 200 (ду сад) рӯз аст, ки духтарон дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум ҳастанд, аммо духтарони хеле аз раҳбарони Толибон дар Қатару Аморот ва Покистон таҳсили илм мекунанд.

Инчунин раҳбарони кишварҳои мухталифи дунё борҳо аз Толибон интиқод карда, гуфта буданд, ки бояд шароити дарс хондан барои духтаронро фароҳам созанд ва нагузоранд, ки онҳо аз таҳсил маҳрум бимонанд.

Ҳамзамон Дафтари Намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон ҳам маҳрумияти духтарон аз таҳсилро “такондиҳанда” хонда гуфта буд: “дар дунё танҳо як режим аст, ки духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунад.”

Раҳбарони Афғонистон ва фоъолони ҷомеаи мадании он низ аз замони сари қудрат омадани Толибон, ки ба истилоҳи худашон “ба сабиби узри шаръӣ” рафтани духтарон ба мактабу донишгоҳҳоро манъ карда буданд, ҳамеша мавриди интиқод қарор дода буданд.

Аммо ахиран, Муҳаммадтақӣ Усмонӣ, муовини Дорулъулуми Карочии Покистон бо ирсоли номае ба раҳбари Толибон Мулло Ҳибаттуллоҳ Охундзода таҳсили духтаронро як амри шаръӣ ва яке аз заруратҳои замони муосир дониста, аз вай хоста буд, ки “ба хотири пешгирӣ аз таблиғоти манфӣ алайҳи Аморати исломӣ дар дунё” тибқи талаботи шаръӣ лозим аст, ки духтарон ба мактабу мадрасаҳо ҷалб карда шаванд.

Вай дар ин номааш бо пешниҳоди ду роҳ гуфта буд, ки метавон осон мушкили набуди ҷои алоҳида барои дарсхонии духтаронро бартараф кард:

а) писарон дар як баст ва духтарон дар басти дигар дар як бино метавонанд алоҳида дарс бихонанд.

б) дар ҳолати дуюм, метавон синфхонаҳои як биноро ду тақсим карда, дар як бахши он писарон ва дар қисми дуюм духтарон дарс бихонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати маорифи Афғонистон тасмим гирифтааст, ки 4 ҳазор мадрасаи диниеро дар сартосари Афғонистон таъсис диҳад ва ба гуфтаи Толибон ин мардарасаҳо, ки дар онҳо муҳассилин забономӯзӣ, риёзӣ ва ба таълимоти динӣ ҷалб карда мешавад, метавонанд, ниёзҳои мазҳабии Афғонистонро бартараф кунанд.

Толибон аз замони дубора сари қудрат омаданашон дар 15-уми августи соли 2021 бо иддаои он ки замону макони муносибе барои таҳсили духтарон дар Афғонистон вуҷуд надорад, таҳсили духтаронро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.