4.9 C
Dushanbe

Толибон: Дер ё зуд мо чархболҳои худро бармегардонем

Пас аз изҳори назари Пентагон дар мавриди чархболҳои интиқолёфта ба Тоҷикистон ва Узбекистон, Вазорати дифои Толибон мегӯяд, ки чархболҳо ба Афғонистон тааллуқ доранд ва “дер ё зуд онҳо баргардонида мешаванд”.

Акс аз сомонаи бахши афғонистонии Радиои Озодӣ

Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи Вазорати дифои Толибон рӯзи 19 январ дар вокуниш ба изҳороти Пентагон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, чархболҳои бурдашуда моликияти Афғонистонанд ва онҳоро ба ҳар қимате, ки бошад бозпас мегирем.

“Амрикоиҳо, ки қаблан худашон ин ҳавопаймоҳоро ба инҷо оварда буданд, расман онҳоро ба “ин кишвар” супурда буданд ва он сармояи Афғонистон ҳисоб мешуд. Бино бар ин, онҳо моликияти шахсии мардуми Афғонистонанд ва ба ҳар қимате, ки мешавад ин чархболҳо дубора имрӯз ё фардо гирифта хоҳанд шуд.”,- мегӯяд Иноятуллоҳ Хоразмӣ.

Сухангӯи Вазорати дифои Толибон меафзояд: “Он чиро Пентагон гуфтааст, рад мекунем ва онро ва онро дахолат ба корхои дохилии худ мешуморем.”

Рӯзи 18-уми январ Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфт, ки чархболҳои низомии Афғонистон, ки тавассути нерӯҳои ҳавоии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистону Узбекистон бурда шудаанд, ба Толибон бозгардонда намешаванд.

Аз ин пештар рӯзи 12 январи соли ҷорӣ Муло Муҳаммад Яқуб, сарпарасти Вазорати дифои Толибон дар маросими эҳёи фаъолияти чархболҳои нерӯи ҳавои Афғонистон аз Тоҷикистон ва Узбекистон хоста буд, ки чархболҳои Афғонистонро бозгардонанд ва сабри онҳоро имтиҳон накунанд.

Бар асоси маъулумоти сомонаи “Avia.pro“, беш аз 60 ҳавопаймои низомӣ Афғонистон 15 август ба хориҷ аз Афғонистон интиқол дода шудаанд. Халабонони собиқи Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дастикам 26 чархбол ва 35 ҳавопайморо ба Тоҷикистон ва Узбекистон интиқол даданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикикстон қарз медиҳад

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи...

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.