27.9 C
Dushanbe

Толибон рӯзи хурӯҷи охирин сарбози амрикоиро таътил эълон кард

Ҳукумати муваққати Толибон рӯзи хурӯҷи охирин сарбози амрикоӣ аз Афғонистонро таътили умумӣ эълон кардааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Хабаргузории “Пажвок“-и Афғонистон иттилоъ дода, ки Вазорати кор ва умури иҷтимоии ҳукумати муваққати Толибон мегӯяд, “ба муносибати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш аз Афғонистон, фардо дар сар то сари кишвар рухсатии умумӣ мебошад.”

Инчунин ББС  ҳам дар истинод ба манобеи худ иттилоъ дода, ки Толибон бо дастури шифоҳии нахуствазири муваққати Аморати исломӣ фардо, чоршанбеи 31-уми августро ҳамчун рӯзи “поёни ишғоли Амрико” бо баргузории як маросими вежа таҷлил мекунанд.

Гуфта мешавад, нимашаби 30-уми августи соли 2021 генерал Крис Донаху, фармондеҳи дивизияи 82-юми ҳавоӣ, дар фурӯдгоҳи Кобул савори ҳавопаймои борбари С-17 гардида, Афғонистонро тарк карда буд.

Ҳамзамон Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна (CENTCOM) 31-уми августи соли гузашта низ бо нашри аксе аз генерал Донаху эълон карда буд, ки вай охирин сарбози амрикоӣ аст, ки Афғонистонро тарк кардааст.

Толибон пас аз 20 соли набард бо нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш дар Афғонистон 15-уми августи соли 2021 дубора дар Кобул сари қудрат омаданд ва идораи давлатро ба даст гирифтанд. Аммо бо гузашти зиёда аз як соли ҳукмронӣ то ҳол ҳеч давлате ҳукумати онҳоро расман эътироф накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.