16.9 C
Dushanbe

Тошиев: Агар Қирғизистон мехост барои гирифтани Мурғоб қувваи кофӣ дошт

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ нишасти вакилони қирғиз баргузор гардид ва Жогорку Кенеш (парлумони Қирғистон) ҳам созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.

Аз 85 вакиле, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд, танҳо як нафар ба муқобили ин созишнома овоз додааст.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон зимни ироаи созишнома назди вакилони қирғиз иддао кард, ки агар Тоҷикистон пофишориро барои музокирот дар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 идома медод, ҷониби Қирғизистон даъвоҳои мутақобил ба қаламрави Тоҷикистон, бахусус барои Мурғобро мекард ва барои гирифтани он қувваи кофиро доштанд.

Дар баробари созишномаи марзии ду кишвар, вакилони қирғиз созишнома дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро ба тасвиб расониданд.

Пас аз овоздиҳӣ ва тасвиби созишномаҳо, Нурланбек Тургунбек уулу, раиси порлумони Қирғизистон ин тасмимро “таърихӣ” номид ва изҳори умедворӣ кард, ки он дӯстии чандинасраи ду халқро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, ба ихтилофоти ҷонибҳо хотима мебахшад.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 18-уми март порлумони Тоҷикистон низ ин созишномаро ба тасвиб расонда буд. Ба фарқ аз парлумони Қирғизистон раванди тасдиқи созишнома дар парлумони Тоҷикистон расонаӣ нашуд ва то ҳанӯз ин масъала муҳри махфӣ дорад.

Инчунин ҳамтои қирғизи Саймумин Ятимов, Қамчибек Тошиев пеш аз овоздиҳӣ дар назди вакилони қирғиз суханронӣ кард ва чанд нуқтаи ин созишнома, аз ҷумла сабабҳои ба Тоҷикистон додани деҳаи Достуки вилояти Бодкандро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Тошиев, ин тасмим ба далели мушкили таъмини об ва дур будани деҳа аз маҳаллаҳои Қирғизистон гирифта шудааст. Гуфта мешавад, оби деҳаи Дустук аз Тоҷикистон таъмин мешавад.

Ҳукумати Қирғизистон барои сокинони ин деҳа, ки кучонида мешаванд хонаҳои нав месозад ва дар дигар минтақаи кишвар 30 сотиқӣ замин хоҳад дод.

Тошиев ҳамчунин таъкид кард, ки сару садоҳо дар бораи интиқоли мавзеи Олтин Мазор ба Тоҷикистон ба воқеият рост намеояд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон қаблан ба 210 ҳазор гектар қаламрави Қирғизистон, аз ҷумла 70 дарсади Лайлак ва нисфи вилоятҳои Бодканд даъво карда буд. Қирғизистон пофишорӣ кард, ки музокирот дар асоси шартномаи соли 1991 сурат бигирад, на харитаҳои солҳои 1924-1927.

“Гуфтам, ки агар онҳо даъвои худро ба заминҳои мо идома диҳанд, мо ҳам ба даъвои худамон, масалан, дар масъалаи Мурғоб шуруъ мекунем, ки мо ба ин заминҳо ҳак дорем ва барои гирифтани онҳо қувваи кофӣ дорем. Танҳо пас аз ин ҷониби Тоҷикистон ба тавофуқ розӣ шуд ва протоколи №44-ро, км муайян кардани сарҳад дар асоси эъломияи соли 1991 сурат мегирад, имзо кардем” – гуфтааст Тошиев дар назди вакилон.

Гуфта мешавад, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дертар 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар Бишкек ба имзо расонид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баргузории аввалин нишасти вакилони нави парлумони Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аввалин нишасти вакилони нави...

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Лаҳистон

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Одамкушӣ бар асари истеъмоли маводи мухадир

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки бар асари истеъмоли маводи мухаддир як занро куштааст.

Парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард

Рӯзи сешанбе, 18-уми марти соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду ҳуҷҷати дигари марбут ба масъалаҳои марзиро ба тасвиб расонид.