17.9 C
Dushanbe

Ҳунари аз “фил пашша сохтан” дар 33 соли истиқлоли Тоҷикистон

Тоҷикистон истиқлоли худро аз Иттиҳоди Шӯравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Инак аз ин рӯзи торихӣ 33 сол мегузарад.

Имрӯзҳо дар кишвар 33-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Ҳамасола мақомдорони кишвар ҳангоми баргузории ҷашни Истиқлол зимни суханрониҳояшон аз “дастовардҳои бузург” суҳбат мекунанд ва ҳар соли соҳибистиқлолиро бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон “пурсамартарин сол” бо “дастовардҳои беназир” меноманд.

Аз худи раисҷумҳур шуруъ карда, то омӯзгори мактаб ҳар соату сонияи ин 33 соли гузаштаро ба “шарофат” ва “вуҷуди” Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд. Ва ҳамеша аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мисол мезананд, ки агар ӯ намебуд, сулҳе набуд. Вале касе ҳоло суол намекунад, ки куҷо шуд ҳамон сулҳ? Мухолифоне, ки бо онҳо сулҳ баста будӣ, чаро баъзеашон кушта шуда ва бархе дигар зиндонӣ шудаанд? Сулҳ чӣ шуд?

Ҳоло бигзарем аз ин…

Истиқлол ва “арсаи ҷаҳонӣ”

Тоҷикистони мо, ҳамон гуна ки Ҳукумати кишвар гузориш медиҳад, дар давоми ин 33 сол хеле пешравиҳои назаррас дар арсаи ҷаҳонӣ доштааст, ки кишварҳои ҷаҳонро дар ҳайрат гузоштааст. Алабатта, агар мо вожаи “ҷаҳон”-ро хуб дарк кунем, шояд сарфаҳми ин гуфта равем. Масалан, як авлоди бо ҳашамати бесару нуг аз писару духтарҳо, бародару хоҳарҳо, амаку тағоҳо, аммаву холаҳо, домоду келинҳо ва набераву абераҳоро чӣ гуна “ҷаҳон” гуфта намешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон дар торихи 32 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар арсаи ин ҷаҳон ба дастовардҳои бузург ноил шавад. Кӣ гуфт ширкати IRS – яке аз ширкатҳои бузургтарин ва нигоҳубинкунандаи роҳи Душанбе-Чаноқ, ки моликаш домоди Эмомалӣ аст, дастовард нест? Магар намебинем, ки он ба ҷуз маълумот додан ба соҳиби ҷаҳони худ ба ҳеч бегонае гузориш намедиҳад. Ва то метавонад аз сокинони берун боҷ меситонад. Ин яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлол барои ин ҷаҳон аст.

Мо метавонем ба ин монанд садҳо ширкату идора ва тиҷоратҳои бузургро номбар кунем, ки маҳз ба ин ҷаҳон тааллуқ доранд. Онҳо ҳамасола аз боҷу хироҷи Ҳукумат маъоф мешаванд, магар ин дастовардҳои бузург, ки бо ҳадафи таъмини иқтисод ва амнияти сокинони он гирифта шудааст, дастоварди “ҷаҳонӣ” дар торихи Истиқлол нестанд?

Яке аз дастовардҳои беназире, ки солҳои ахир ин ҷаҳони дохилӣ дошту миллати тоҷикро дар ҳақиқат ба ҷаҳони воқеӣ муаррифӣ кард, террорист нишон додани шаҳрвандон аст. Магар намебинед, ҳоло дигар давлати Туркия барои мо раводид намедиҳад, Имороти Муттиҳадаи Арабӣ низ намехоҳад ба тоҷикистониён раводид бидиҳад. Аз ин тараф ҳам ҳаррӯз мебинем Русия чӣ балоеро ба сари муҳоҷирони тоҷик меорад. Дар кишвар кор нест, бечора шаҳрвандон ба куҷо рафтану луқмаи нон пайдо карданро намедонанд. Магар ин дастовард нест?

Кашфиёти навин дар замони Истиқлол

Шояд аксари мардум дастовардҳои даврони истиқлолро хуб надонанд. Яке аз бузургтарин дастовардҳои ин даврон бо ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон ин ихтироъ ва кашфи истилоҳот ва ё барчаспҳои навин аст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои бузург нишон додани саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии кишвар мунтақидонашро барчаспи “хоин” ва “террорист” мезанад. То кунун ҳазорҳо шаҳрванди кишвар бидуни ҳеч гуноҳе бо ин ду иттиҳоми таърифнашуда равонаи зиндон шудаанд.

Ин ду вожа аз мафҳумҳое ҳастанд, ки дар замони истиқлол дар кишвари мо ба вуҷуд омаданд ва ин ду вожа дар таърифоти қомусҳои меъёрӣ ҷой намегиранд. Инҳо аз нигоҳи мақомдорони Тоҷикистон маънои хос доранд. Масалан, агар маънои “хоин”-ро дар луғатномаҳо ҷустуҷӯ кунед, ба шахсе гуфта мешавад, ки “манофеи миллату давлатро ба душман фурӯхта” бошад ва ба ҳамин монанд амалҳои хиёнаткорона карда бошад. Аммо шахсоне, ки дар Тоҷикистон ба ин иттиҳом равонаи зиндон шудаанд ва ё кушта шудаанд, гумон накунам, касе аз онҳо манофеи миллӣ ва ё порчае аз замини кишварро ба дигарон, аз ҷумла ба Чин фурӯхта бошанд. Вале ин барчаспҳо ҳамеша насиби бечора равшанфикрон ва қишри огоҳи ҷомеа мегардад.

Масалан, агар соҳибназаре имрӯз бихоҳад аз раиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бипурсад, ки дар давоми 32 соли раҳбарияш мушкилоти асосӣ, аз ҷумла мушкилоти бебарқӣ ва муҳоҷират чаро то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбанд? Ва ё пурсад, ки чаро иқтисоди кишвар, соҳаи маориф ва илм, истеҳсолот ва саноат дар кишвар рушд накардаст, ба ӯ ҳатман ин ду вожа мансуб мешавад ва ҳукмаш низ содир мешаваду дере нагузашта худро паси милаҳои зиндон мебинад.

Албатта, вақте Эмомалӣ Раҳмон тавонист бақои худро ҳифз кунад ва мухолифонашро аз саҳна дур созад, ин муваффақияти як диктатор аст. Диктатор аз қоидаи “гӯфсанди қурбонӣ” ҳамеша истифода мекунад. Масалан, агар аз уҳдаи коре баромада натавонад ва оҷиз шавад, аҷзу нотавонии худро дар дигарон мебинад. Ва ҳатман барои диққати мардумро ба дигар сӯ бурдан ва аз худ қаҳрамону шахси ҷиддӣ нишон додан, ҳатман вазире ё раисеро аз кор меронад ва ё гурӯҳеро “хоин” ва “террорист” меномаду зиндонӣ мекунад, ки ӯ бо ин кораш амалан дигаронро “қурбонӣ” месозад. Ва мутаассифона, дар ин кораш муваффақ ҳам мешавад.

Қишри зиёии кишвар ва Истиқлол

Дар Тоҷикистон даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳо ва академияи улуму пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо ҳазорҳо донишманд ва олимону профессорони забардаст машғули коранд. Дар ин боргоҳҳои илмӣ шахсиятҳое вуҷуд дорад, ки хуб медонанд сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба кадом сӯ равона аст. Берун аз ин марказҳои илмӣ низ ҳазорҳо донишманди улуми исломӣ ва аҳли фаҳм дорем, ки сиёсати кишварро назорат доранд ва хуб ҳам медонанд, ки хомӯшии ин қишр чӣ балое ба сари миллат овардааст.

Ин қишри дар асл бисёр муассири ҷомеа ба маротиб беҳтар медонанд, ки миллати тоҷик аз як раиси колхоз чӣ гуна як диктатори ба тамоммаъно сохт, вале касе аз онҳо пеши роҳи ин равандро нагирифт. Ва шояд бидонанд, ки саҳми худи ин донишмандон дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ дар сохтани ин диктатор чӣ қадар бузург аст.

Метавон гуфт, саҳми қишри зиёии кишвар дар сохтани як диктатор аз ҳукуматдорону чоплусон бештару бештар аст. Чун мо дидем, ки ҳазорҳо ҷавони бесаводу хом ҷасурона дар баробари зулму истибдоди Эмомалӣ Раҳмон истоданд ва садо баланд карданд, вале, бояд иқрор шуд, ки хеле аз донишмандон, академикҳо ва аҳли зиё ҷуръати як муҳоҷири бесаводро накарданд.

Вақте ахлоқи сиёсӣ ва қавонини он аз ҷониби ҳукумати кишвар поймол шуд, шумо аҳли зиёи кишвар, бахусус докторҳои улуми сиёсӣ, устодони соҳаи рӯзноманигорӣ на танҳо хомӯш истодед, балки медонистанд, ки ҳақ бар ҷонибаш нест, боз онро таъйид ҳам кардед. Садҳо сиёсатшиносу файласуфу донишманди соҳаҳои гуногун сад дарсад медоинстанд, ки хомӯшияшон бар зарари давлату миллат аст, вале боз ҳам аз тарс хомӯширо авло донистанд.

Аз ин рӯ, месазад, ки дар донишгоҳҳои кишвар ду факулта бояд баста шавад, яке факултаи рӯзноманигорӣ ва дигаре сиёсатшиносӣ. Чун ин ду соҳа дар Тоҷикистон барои баёни ҳақиқат имрӯз безабон шудаанд, аз ин рӯ, ба дард намехӯранд.

Ва хулоса

Хулоса, ин торих аст, ки пас аз гузашти солҳо ба амалкардҳои ҳамаи мо баҳои воқеии худро хоҳад дод. Барои наслҳои баъдӣ маълум хоҳад шуд, ки кӣ ҳақиқатро пӯшиду кӣ ошкор кардан мехост. Ба наслҳои баъдӣ хоҳад гуфт, ки аҳли зиё, сиёсатмадорон, муҳоҷирони корӣ чӣ гуфтан мехостанд.

Мақулаи машҳур аст, ки мегӯяд: “Диктатор солҳои дароз ҳукуматдорӣ мекунад ва гумон мекунад, ки хеле одил будааст, вале торих ҳатман ӯро лаънат хоҳад кард.”

Тамоми дастовардҳои як миллати бузурги мутамаддини торихиро имрӯз ба номи як шахс рақам задану аз ӯ “пешвои замона” ва “донишманди ҳамадон” сохтан ва заҳматҳои дигаронро ба назар нагирифтан, ба маънои “аз фили бузурги мардони ин миллат пашша сохтан” асту аз ҷаноби пашша фил сохтан, ки ин иштибоҳи нобахшиданӣ дар ҳаққи ин миллат хоҳад буд.

Муҳаммадалӣ Юсуф, махсус барои Azda Tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.