24.9 C
Dushanbe

Шоҳроҳи Душанбе – Бохтар пулакӣ мешавад?

Акс аз сомонаи вазорати нақлиёт

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ зимни ишора ба фаолияти ширкати IRS гуфт, пулакӣ шудани шоҳроҳҳо дар кишвар ба манфиат аст ва масъалаи пулакӣ шудан ё нашудани шоҳроҳи Душанбе – Бохтар баъди ба истифода додани он баррасӣ мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ин суханашро рӯзи 16 июл зимни ишора ба фаолияти ширкати IRS, ки шоҳроҳи Душанбе – Хуҷандро идора мекунад, ироа намуд.

Хабаргузории “Sputnik” менависад, ки тибқи иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон, пулакӣ шудани роҳи Душанбе – Бохтар танҳо баъди ба итмом расондану ба истифода додани он баррасӣ мешавад.

Ӯ дар маҷмуъ ҷонибдорияшро аз пулакӣ кардани роҳ баён дошта, гуфт, аз як ҷиҳат пулакӣ шудани роҳ хуб аст, ки роҳҳо саривақт таъмир мешаванд.

Бино ба гузоришҳои қаблии ин вазорат роҳи Душанбе – Бохтар бояд соли 2022 пурра ба истифода дода мешуд. Аммо вазири нақлиёт дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки дар пайи хуруҷи коронавирус дар сохтмони роҳи Душанбе – Бохтар бархе мушкилот пеш омад. Ба гуфтаи ӯ, 40 нафар аз мутахассисони чиние, ки дар роҳи Душанбе – Бохтар кор мекарданд, бо сабаби баста шудани роҳҳо дар давлати худ банд монданд, ки ин боиси ба дарозо кашида шудани муҳлати таъйингардида шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мавҷи нави таъқибу боздоштҳо дар Тоҷикистон

Тибқи иттилооти расида, мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави саркӯбу таъқиб ва боздоштҳоро оғоз кардаанд.

Тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро ба Ватан меоранд

Рӯзи 22-юми майи соли ҷорӣ тобути 6 муҳоиҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристоданд.

Созишномаи хати марзи Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистон тасдиқ шуд

Парлумони Тоҷикистон созишномаи таъйини нуқтаи пайвасти марзи Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистонро расман ба тасвиб кард.

Раёсати маориф: Ҷамъоварии маблағ аз волидайн дар мактабҳо қатъиян манъ аст

Дар Тоҷикистон гирифтани маблағ аз волидони донишомӯзони мактабҳо барои таъмири мактаб дар поёни соли таҳсил мамнуъ эълон шуд.