8.9 C
Dushanbe

Коҳиши тиҷорат байни Узбекистону Тоҷикистон

Агентии омори назди президенти ҶТ,  гуфтааст, аз моҳи январ то моҳи  июли соли  сипаригардида    муомилоти мол байни   Тоҷикистон ва Узбекистон   148,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо 7 моҳи соли 2019   11,3% кам шудааст.

Бино ба навиштаи сомонаи “Asia-Plus”  Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 35,1 млн доллар молу маҳсулот равона кардааст, Узбекистон ба 113,3 млн доллар молу маҳсулот ба Тоҷикистон ирсол намудааст.

Як сол қабл байни Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Душанбе аз руйи натиҷаҳои тиҷоратии ду кишвар 16 санади ҳамкори ба имзо расида буд, ки содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 482 млн доллар ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 143 млн долларро дар бар мегирифт.

Содироти Тоҷикистон ба Узбекистон   алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешияи хом, матоъи гуногун, нӯшокиҳои машруботӣ, қолин ва дигар маҳсулотҳоро дар бар мегирад.

Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузоти ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ харидорӣ менамояд.

Ин дар ҳолест, ки  дар замони ҳукумати  Ислом Каримов Узбекистон бо Тоҷикистон ягон муносибати тиҷорати ва дӯстона надошт, баъди марги Каримов муносибатҳо барқарор гардиданд. Коршиносон нақши зиёди  Шавкат Мирзиёевро дар барқарор кардни муносибати байни ду кишвар медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.