14.9 C
Dushanbe

“Паёме”, холӣ аз паём

Чаро Раҳмон дар арафаи интихобот боз “коҳи кӯҳна” бод дод?

“….хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо”, “…хоинони миллат, яъне онҳое, ки имони худро фурӯхта буданд”, “….душманону хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати тоҷикон мехостанд,… фарҳанги бегонаро …. таҳмил кунанд …. давлати исломӣ бунёд намоянд”…

Зикру таъкиди ин ибораҳо дар Паёми идона ва он ҳам аз забони Сардори давлат, дар ҳоле,ки аз поёни ҷанги таҳмилӣ беш аз ду даҳа сипарӣ мешавад, баёнгари чист ва чи мақсад дорад? Ҳади ақал дар Паёми бахшида ба бузургдошти ҷашни Истиқлол дар 6 соли ахир: аз соли 2015 то соли 2020 таркибу таъбири “хоин” ва “хоини миллат”кор бурда нашуда буд, вале яку якбора дар соли ҷорӣ, дар соле, ки то чанд рӯзи дигар Раҳмон боз ҳам раиси ҷумҳурӣ хоҳад шуд, ишора ба чӣ аст? Таъкид ба он аст ки ҳамоно дар сари қудрат як тарафи ин ҷанг истодааст? Таъкид ба онки аст ки ман ҳамонеам,ки будам? Таъкид бо он аст ки ҳама музокироту имзои Созишномаи умумии   ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дурӯғ буд? Таъкид ба он аст ки тарсу ваҳшати ҷанги таҳмилӣ аз сару синаи мардум бардошта нашавад?

Агар ҳамоно аз ин гуна таънаву таҳдидҳо раиси ҷумҳурӣ ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ истифода кард, пас унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро барои чӣ ба худ дод? Ин ба ин маъно аст, ки Раҳмон ҳеҷ гоҳ бо тарафи муқобили худ дар ҷанги таҳмилии бародаркуш самимона ва аз рӯи садоқат оштӣ накардааст?

Дуруст аст, ки дар суханрониҳояш вобаста ба ҷашневу маросиме истифода мекард. Аммо ончуноне тазаккур додем дар 5-6 соли ахир дар Паёми солонааш “хоиннавозӣ” ва “душмантарошӣ” намекард. Ҳоло, дигар кӣ дар хориҷ аз кишвар бовар мекунад, ки бозгардад, барояш мушкил эҷод намешавад ва тамғаи хоину душман зада нахоҳад шуд?

Ба назар мерасад бо гузаштаи 23 сол аз замони имзои сулҳ Раҳмон қасд дорад, барои як қисмати кӯчаке аз ҷомеаи Тоҷикистон риёсат кунад. Зеро дар арафаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷойи онки бо тамоми ҷомеа ва бо тамоми мардуми тоҷик, чи дар хориҷ ва чи дар дохил бошад, ҳамоно барояш қисмате аз мардуми тоҷик хоин ва душмани халқ аст. Ин ҳарфу ин суханрониҳоро мешавад чунин тафсиру таъвил кард, ки Раҳмон ин бор на ба интихобот, балки боз ба ҷанг баромадааст. Ва дар сар хаёли муқобала ва ҷанг бо “хоинон” ва “душманон”-ро дорад. Манзураш маълум ва маълум аст киҳоро ва чаро дар назар дорад?

Дар ин Паём ҷойи корбурди ин калимоти пур аз таҳдиду тавҳин ба миллат аз қаҳрамонони воқеии роҳи истиқлол, аз Тоҳири Абдуҷаббор, муаллифи Эъломияи Истиқлоли давлатӣ ва аз Қадриддин Аслонов, Сардори давлат, ки санади истиқлолро бо имзои худ муборак гардонд, ёдоварӣ мекард.

Аммо ба назар мерасад маърака ва корзори интихоботиашро аз роҳи фишору зӯровариву таҳдид бар болои миллат оғоз карданиаст. Бо ин паём мардумро таҳдид кардан мехоҳад ва тарсониданист, ки қатъан иртибот надошта бошанд. Вале ин дигар ҷаҳони интернет аст. Касеро наметавонд манъ кард.

Истифода аз истилоҳу терминҳои ҳуқуқӣ, ки умдатан дар лексикони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустаъмал аст нишонаи он аст, ки дасти онҳо дар навишту таҳияи ин паём хеле дароз аст ва хеле бад аст, ки раиси ҷумҳурӣ то ба ин ҳад гаравгон ва таҳти бори онҳо рафтааст, дигар ҳатто ду се ҳарфи хуш,умедбахш ва маъмулиро ҳам ки мегуфт аз ихтиёроташ гирифтаанд.Онгуна ҳам ки мушоҳида мешавад,дигар “қил”-и ӯро на танҳо дар оилааш мекашанд,”уқоб” ва “боз”-ҳое болои сари ӯ болафшонӣ мекунанд,ки амалан морони китфи Заҳҳокро монанд.

Вагарна авзоъ ва шароит дар кишвар ва бахусус дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик тарзе нест, ки бо қисса ва ривояти ҷанги таҳмилӣ ҷалби таваҷҷӯҳ кард. Айни замон мардум дар бораи он фикру андеша мекунад, ки чаро истиқлоли давлатӣ танҳо ба манфиати як гурӯҳ кор кард? Ва инро ҳам медонад, ки ин гурӯҳ кӣ аст? Мардум аз он мегӯяд, ки чаро як марди калонсол, як солманде, ки 6 сол мешавад нафақахӯр аст, роҳро барои ҷавонҳо накушод, дар ҳоле, ки тайи чанд соли ахир фақат аз ҷавонҳо ва ҷалби онҳо ба давлат ва сохторҳои он сӯҳбат мекард. Рустамро оварду ҷойи Убайдуллоев қарор дод ва дигар дар пушти сараш нафаси сарди Убайдуллоевро намешунавад, балки ин Рустам аст, ки ҳуҷҷати “госстрах”-суғурта ва бимаи ӯ шудааст. Ҷавонро то ҷое овард, ки ба тавассути вай худро бима кунад. Вале агар ки зери бори генералҳои силаҳшӯр рафта бошад, ин “страховка” метавонад ҳимоят кунад? Ҳарчи ҳам набошад, ин Паём бо лаҳни шадид, бо лаҳҳни пархошҷӯёна ва бо лаҳни як Сарфармондеҳи дар ҳоли ташвиш ва дар як муҳити ноором таҳия ва тақдими ҷомеа шудааст. Чунки Раҳмон ҳатто дар ҳамон соли 2015,ки боз ҳам ҳамин генералҳо як исёни дастисохт роҳандозӣ карда буданд,дар паёмаши бахшида ба ҷашни истиқлолаш хоину хоинхойӣ накарда буд! Ҳоло чӣ шудааст,ки забони сурх нишон медиҳад ва нафаси оташин берун мекунад? Оппозитсиони феълиаш,ки ҳазорҳо километр ба дур аз ӯ мебошанд ва дигар аз фарози қуллаҳои Бадахшон ва ё кӯҳҳои Қаротегин сабз намешаванд.Онҳо,ки Калашниковро бо компютер ва сангарҳоро бо сайтҳо иваз кардаанд.

Онҳо, барои мисол ин ҳарфи Раҳмонро, ки гуфт Роғун  то ҳамин инҷои кор 1.6миллиард кв.соат нерӯи барқ тавлид кардааст ва ин ба унвони дастоварди кор тавсиф шуд, ба чолиш кашида мегӯянд, ки хуб бошад, пули он куҷост? Ва чаро Роғун аз ҳамин ҳоло беш аз 1 миллиард сомонӣ аз кормандону ширкатҳое, ки барояш кор мекунанд, қарздор аст? Як ревизори Агентии мубориза бо фасод, ки худи Раҳмон дар ҷаласа эълон кард, 2 миллион доллар ришват гирифта ва камбудро пӯшонидааст. Э вой, доду бедои Роғун!. Пас, ҳаҷми маблағи камбуд чи қадар бошад, ки шахси камбудикарда 2 миллион доллар дода сипас ҷонашро наҷот додааст? Бар замми ин ҳоло бар гардани қарзи давлат ва мардуми тоҷик Роғун боз 105 миллион доллар ва ё 1 миллиарду 50 миллион сомонӣ бор кард, аз ҳисоби % евробондҳо, ки солона 35 миллион доллар аст. Вале ҳоло хабар мерасад, ки бар сари Роғун байни Ҳасан Асадулло ва Рустами Эмомалӣ ва “Авасто -групп”-и вай ҷанг шурӯъ шудааст, чун қарор аст дар се соли оянда ба он аз ҳисоби буҷет ва воми хориҷӣ 1 миллиард доллар ҷалб шавад. Вале пурсиши асосӣ ин аст, ки агар 1,6 миллиард киловатт — соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, бар ивази чанд миллиард доллар ва ё сомонӣ? Чаро ин тарафи масъаларо ёдовар накардед, ки барои кордарории ҳамагӣ ду чарха маблағи пешбинишуда барои тамоми ин иншоот харҷ шудааст?

Албатта, ки дар Паёми бахшида ба истиқлолият аз ин ҳарфҳо ҳеҷ гоҳ ёдовар намешавад. Вале воқеан мардум мехост бишнавад, ки ин бор чаро боз ҳам номзад аст ва канор нарафт? Дар ҳоле, ки гуфтем то ҳамин чанд рӯзи дигар ба як кам 70 сола мешавад. Як муҳандис, як пизишк ва ё як устод ва ё як муаллим, ки тӯли ин ҳама солҳо таҷриба андӯхту мутахассисе барои ҷомеа муҳим шуд, хуб, бигзор, ки корманди гумрук, корманди андоз ҳам бошад, синнат ба нафақа расид, ба ту ҷавоб мегӯед ва қонунро ҳам ҳамин тавр кардед, ки ин солмандҳо дигар ҷойе вой гуфта наметавонанд, вале чаро дар ин маврид қонуни нафақа риоят намешавад? 6 сол мешавад, ки ҳам нафақапулӣ ва ҳам калонтарин маошро дарёфт мекунад. Тамоми давраҳои 7 солаи қонунӣ ҳам тай шуд. Ҳоло акнун бар асоси кадом қонун мехоҳад раиси ҷумҳурӣ бишавад? Бар асоси тағйироти соли 2016? Онҷо ки гуфта мешуд маҳдудияти 7 солӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ татбиқ намешавад. Вале ҳоло қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди амал қарор нагирифтааст ку? Ё мавриди амал қарор гирифт? Инро бояд ҳуқуқшиносҳо мушаххас кунанд. Зеро дар ин ҳолат Раҳмон ҳам Асосгузору ҳам раиси ҷумҳурӣ аст? Аз он ҳисоб ҳам маош мегирад?

Дар Паёмаш нагуфта бошад ҳам мардуми кишвар хуб огоҳ шуданд, ки аслан вазифаро супориданӣ нест. Вале ҳазор бор зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳед, гӯяд ҳам мардум фаҳмидааст, ки тамоми гапҳояш газофу дурӯғанд. Вагарна наход ҳамин шираи камол, як гиёҳе худрӯи худодод,ки барои ҳазорҳо нодору камбизоат ҳадди ақал пули рӯған ва ё орди хонааш мешуд, онро ҳам тасоҳуб намекард. Ҳушёриву зиракӣ ба хотири чӣ? Ва барои чӣ? Ҳушёриву зиракӣ барои онки роҳи Душанбе-Хуҷанд  пулакӣ шаваду ҳеҷ кас гап назанад. Пулашро, гиреду ба ҷайбатон занед, банк созед, ба хориҷа фиристед?

Ҳушёриву зиркаӣ барои онки, ки бар фарзи мисол бозори садҳо сол фаъоли Истаравшан ва ё Турсунзода ва даҳҳо шаҳру ноҳияи дигарро шумову авлодатон бигирад ва ё заправкаҳоро “Фароз” чип занад? Барои чӣ бояд мардум зиркаии сиёсиро аз даст надиҳанд? Зираки сиёсиро аз даст надиҳаду ва барои як пиёла чойи “чил”-и модар чанд ҳазор ҷарима шавад?

Ба ин тарафи қазия ҳам бояд андешид, ки 28  сол фурсати кам нест, балки хеле зиёд аст. Ҳарчи дар тавон ва қудрат буд, ҳарчи идея ва энержӣ буд, масраф шуд. Беш аз ин чаро биистод?

Шарт аст, ки гаравгони ду-се генерал шуд ва онҳо бо истифода аз мақому салоҳият тамоми компроматҳоро зидди домодҳо дар “единий база данних” ворид карда ин тараф ба русҳо, он тараф ба хитойиҳо, в-он тараф барои чопу нашр ба мухолифин дода дастбаставу забонкӯтоҳ кунанд?

Мардум зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода бовар бикунанд, ки дар воқеъ интихоботе бо рақобати Исмонову Ғаффоров ва дигару дигараш росту табиӣ аст? Ва, аз миёни  ин ҳама рақибон ва дар як интихоботи пуррақобат бо касби 80% пирӯз шуд!

Вале на як бору ду бор аст, ки тӯҳмат мезанед, ки “давлати исломӣ” месохтанд. Ҳеҷ нерӯи сиёсие ба шумули ҲНИТ эълон накардааст, ки давлати исломӣ месозад. Аммо ин тарафи қазия дар ҷойи худаш, вале чаро Раҳмон ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мусалмонист аз ислом ва давлати исломӣ метарсонад? Чаро талош дорад як мусалмони тоҷикро аз ислом ва мусалмонӣ битарсонад?

Инки мегӯяд муттаҳид шуданду омаданд…, бале омаданд, халқи Душанбе шоҳидаш буд, ки “омадаҳо” бо байрақҳои сурхи шӯравӣ ва барои барқарории СССР ва барои то лонааш маҳву нобуд кардани “марази демократия” омада буданд. Савори танку тӯпи Узбакистон ва дар даст Калашников ва таҳти роҳнамоии Квачковҳо ва бо роҳбарии як ҷинояткоре бо собиқи 23 соли зиндон. Мақоли мардумӣ мегӯяд, ки “дузди зӯр соҳиби говро бастааст”. Онҳое, ки бар зидди истиқлол буданд ҳоло аз истиқлолият ва озодӣ мегӯянд.

Вале дар маҷмӯъ ҳар чизе, ки дар ин Паём гуфта шудааст, борҳову борҳо гуфта шудааст. Ҳатто баъзе аз ҷумлаву сархатҳо ба ҳадде обшуставу кӯҳна ҳастанд, ки агар ҳамин “бахшида ба 29солагиро” -ро аз он берун кашӣ намедонӣ ин Паём бахшида ба 25 солагӣ ва ё 26 солагӣ аст.

Сорбон Азимӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.