28.9 C
Dushanbe

Осорхонаи Аёсофия дигарбора масҷид шуд

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи 10-уми июл фармони аз осорхона дигарбора ба масҷид тағйир ёфтани Аёсофияро имзо кард. Дар ин бора расонаҳои туркӣ хабар доданд.

Бино бар гузориши “Анадолу” Додгоҳи олии Туркия рӯзи ҷумъа қарори ҳукумати пешинаи Туркия аз 24 ноябри соли 1934, ки бар асоси он Аёсофия аз масҷид ба осорхона табдил дода шуда буд, бекор кард.

Дар хабар омадааст, ки интиқоли идораи Аёсофия аз ниҳоди фарҳангӣ ба ниҳодҳои умури динии Туркия мувофиқи моддаи 35 Қонуни №633 мутааллиқ ба умури динии Туркия мебошад.

Аёсофия яке аз биноҳои фарҳангии дорои таърихи куҳан буда дар минтақаи Султон Аҳмади шаҳри Истанбул ҷойгир аст. Ин ибодатгоҳ баъд аз ғалабаи усмониҳо бар Бизантияи Шарқӣ аз 1453 ҳудуди 500 сол ҳамчун масҷид буд, аммо соли 1934 бо қарори ҳукумати онвақтаи Туркия аз масҷид ба осорхона табдил ёфт.

Фикри табдили дигарбораи Аёсофия ба масҷид аз дер боз сари забонҳо буд. Ва худи раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни имзои ин қонун гуфт, мо ба мухолифати хориҷиҳо эътибор намедиҳем, зеро табдили ин осорхона ба масҷид аз орзуҳои деринаи мардуми турк ва мусалмон буд.

Ҳамзамон Додгоҳи олии Туркия зимни бекор кардани қарори Шӯрои вазирони пешин таъкид кард, ки Аёсофия дар тамоми сандаҳо ба унвони масҷид сабт шуда дар ихтиёри ҷомеа гузошта шудааст ва ин қобили тағйир нест.

Қарор аст рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ баъд аз 86 сол аввалин намози ҷумъа бо ҳузури намояндагони ҳукумати Туркия ва мардуми зиёд баргузор гардад.

Дар ҳамин ҳол кишвари Юнон роҷеъ ба ин қарори ахири Анқара вокуниш карда ин иқдомро озори эҳсосости динии масеҳиён маънидод кардааст. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам аз Туркия хоста буд то аз тағйири мақоми Аёсуфия худдорӣ кунад. Аммо Туркия ин иқдомро сирф умури дохилии худ медонад ва дахолати кишварҳои дигарро дар ин амр қабул надорад.

Бояд гуфт, ин бинои таърихӣ замони Императории Бизантия ё Руми Шарқӣ соли 537 мелодӣ ҳамчун калисои усқуфи ортодокси юнонӣ сохта шуда аст. Юнон худро вориси ин имперотурӣ медонад ва ин бино барояшон аз ҳамин лиҳоз аҳмияти ақидавӣ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.