9.9 C
Dushanbe

Унвони “доктори фахрӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон дар Миср

ِДонишгоҳи Қоҳира бо хоҳишу илтимоси Заробиддин Қосимӣ, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср ба Эмомалӣ Раҳмон унвони “доктори фахрӣ” медиҳад.

Акс аз пойгоҳи Қоҳира 24

7-уми марти соли 2022 пойгоҳи “Қоҳира24” хабар дода буд, ки раиси Донишгоҳи Қоҳира, Муҳаммад Усмон Алхишт Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Мисрро дар дафтари кориаш ба ҳузур пазируфта буд.

Ин манбаъ навишта буд: “Ҳадаф аз ин вохӯрӣ табодули афкор, баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳои муштарак ва кушодани уфуқҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ буд, зеро он яке аз роҳҳои Донишгоҳи Қоҳира дар бозгӯшоӣ кардани фарҳангҳои ҷаҳонӣ мебошад.”

8-уми марти соли 2022 пойгоҳи хабарии “Алявмуссобеъ“, бо нашари гузорише дар ин хусус хабар дода буд, ки дар назар аст, панҷшанбеи 10-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Қоҳира дидан карда, бо Муҳаммад Усмон Алхишт, раиси Донишгоҳи Қоҳира мулоқот намояд.

Субҳи имрӯз, 9-уми марти соли ҷорӣ низ хеле аз расонаҳои мисрӣ хабари эътои унвони “доктори фахрӣ” аз ҷониби Донишгоҳи Қоҳира ба Эмомалӣ Раҳмонро дар сархати худ қарор додаанд.

Пойгоҳи мисрии “Алкалима” низ хабар дода, ки Шӯрои Донишгоҳи Қоҳира бо тавсияи Шӯрои факултаи адабиётшиносии ин донишгоҳ бо иттифоқи оро розӣ шуданд, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои навиштани китобҳои адабии барҷастааш дар соҳаи адабиёт ва таҳкими ҳамкориҳои Мисру Тоҷикистон унвони доктори фахрии адабиёт дода шавад.

Субҳи ирмӯз, 9-уми марти соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари расмӣ дар раъси як ҳайъати боломақом ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар кард.

Дар муддати наздик ба 30 соли президент будани Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо китобу рисолаҳои иломӣ аз номи вай  чоп шуда, вале касоне, ки ӯро аз наздик мешиносанд, иддаъо мекунанд, ки китобҳоро касоне ба мисли бархе кормандони Акдемияи илмҳо ва мушовиронаш аз номи вай менависанд.

Бо ин вуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон дар корномааш унвонҳои фахрии зиёде ҳам дорад, аз он ҷумла:

  • Доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко (2008)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи Куҳии Урал (2009)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Москва (2009)
  • Профессори ифтихории Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (2009)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи Синсзияни Хитой (2010)
  • Профессори ифтихории Донишкадаи Давлатии Иқтисод ва идораи Туркманистон (2012)
  • Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии фаннии нафти Уфа (УГНТУ) (2015)
  • Камарбанди сиёҳи таэквондо.

Аммо ба назар мерасад, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира хеле талош карда, ки барои Эмомалӣ Раҳмон унвони Профессори ихтихорӣ бидиҳанд, вале натавониста тарафро мутақоид кунад, барои ҳамин аз ноилоҷӣ ин дафъа розӣ шуда, ки дар Ҷумҳурии Арабии Миср як дараҷа пойинтар ҳам бошад, ба вай унвони “доктори фахрӣ” бидаҳанд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон соли 1969 Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд)-ро хатм намуда ва соли 1982 ба таври ғоибона факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён расонидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар муддати наздик ба 30 соли раҳбариаш дар раъси қудрат дар Тоҷикистон барои худаш вақт ҷудо накарда, ки ба рухсатии меҳнатӣ биравад. Касе, ки дар 30 сол як моҳ барои истироҳати худаш ётфа наметавонад, аз куҷо вақти зиёдатие дорад, ки расман ба корҳои илмӣ ва таълифи китобҳо бирасад.

Амруллоҳи Низмо, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.