Вакили қирғиз Тоҷикистонро ба нооромиҳо дар марз муттаҳам кард

Вакили парлумони Қирғизистон Султонбой Айҷигитов дар ҷаласаи навбатии “Жогорку Кенеш” хостааст, ки Тоҷикистон техникаи вазнини ҷангиро аз “анклавҳо” дар қаламрави Қирғизистон берун барад. Дар ин бора сомонаи қирғизии

Султонбой Айҷигитов гуфтааст, ки “тибқи меъёрҳои байналмилалӣ таҷҳизоти вазнин дар қаламрави анклавҳо ҷойгир шуда наметавонанд”.

“Се рӯз пеш Тоҷикистон як иғвои ҳадафнокро оғоз кард. Мавзеъҳои моро аз миномётхо тирборон карда, техникаи вазнинро оварданд. Дар онҷо “Кик” ва деҳаи “Булок-Бошӣ” мавҷуд аст. Онҳо намехоҳанд, ки сокинони Боткен дар деҳа зиндагӣ кунанд. Аз анклави Ворух техникаи вазнинро бояд берун баранд” – мегӯяд ин вакили қирғиз.

Дар ҳоле ин вакили қирғиз ҷониби Тоҷикистонро ба иғво ва шуруи ҳодисаҳои ахир дар марзи ду кишвар муттаҳам мекунад, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте онро “амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон” хонда, аз ҷониби Қирғистон даъват карда буд, ки барои пешгирии чунин муноқишаҳо ҳамаи мувофиқаҳои бадастомадаро қатъиян риоя кунанд.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешуд, ки 3-юми июни соли ҷорӣ задухӯрди мусаллаҳона баъди убури ҳадафмандонаи марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сарҳадбонони қирғиз ҳушдори марзбони тоҷикро барои тарки ҳудуди Тоҷикистон нодида гирифта, ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушодаанд.  Гуфта мешавад, ки вазъият пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон мураккаб гардидааст.

То ҳол омори дақиқи захмиён дастраси расонаҳо нест. Расонаҳои қирғизӣ аз захмӣ шудани ду тан аз сарҳадбононашон хабар дода буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.