5.9 C
Dushanbe

Вазири адлия намедонад барои чӣ М.Ҳаитро аз дидор бо наздиконаш маҳрум карданд

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон сабабҳои маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз дидор бо пайвандонаш возеҳ шарҳ надод.

Имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабарнигори Радиои Озодӣ аз Музаффар Ашӯриён, вазири ин ниҳод дар мавриди сабабҳои маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаит аз дидор бо пайвандонаш пурсид, аммо вазири адлияи кишвар аз посухи возеҳ фирор мекард ва ҷавоби қонеъкунанде ироа накард. Танҳо ҳаминро гуфт, нисбати ӯ аз тарафи мақомоти Иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ягон рафтори ғайриқонунӣ сурат нагирифтааст ва шояд худи ӯ ягон қонуншикание кардааст ва барои ин ӯро аз дидор бо хонаводааш иҷозат надоданд.

Зоҳиран аз варақгардониҳои батакрори вазир пайдо буд, ки дар ин маврид ё маълумот надошт ва ё намехост ҳақиқатро бигӯяд, ки бо чӣ сабабҳо Маҳмадалӣ Ҳаитро аз дидор бо наздиконаш, ки дар 6 моҳ як маротиба барои ним соат аз паси шиша сурат мегирад, маҳрум кардаанд.

Тибқи маъмул мебоист 24-уми ноябр хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит бо ӯ дидор мекард, аммо маъмурони боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нагузоштанд ин мулоқот сурат бигирад. Мақомот далел пеш оварданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит қонуни зиндонро вайрон кардааст ва қонуншикании ӯ набаромадан ба сайру гашти рӯзона ва ҳавои тоза нагирифтан будааст.

Ба гуфтаи наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит набаромадан ба ҳавои тоза ин ҳеч қонунгузории дунё ҷиноят маҳсуб намешавад ва онҳо дар навбати аввал ба таври хаттӣ ба сардори СИҶ Вазорати адлия Мансурҷон Умаров, Додситонии кул ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар кишвар муроҷиат карданд, ки ба онҳо иҷозати вохӯрӣ дода шавад, аммо ҳеҷ посухе дарёфт накарданд.

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳаит бо нигаронии шадид мегӯянд, чанд моҳ аст, ки аз ҳоли ӯ хабар надоранд ва метарасанд, ки ҳодисае ба сари сардори хонаводаашон рух додааст ва мақомот барои ифшо нашудани он иҷозаи мулоқот намедиҳанд.

Хонаводаи М.Ҳаит маҷбур шуданд ба созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат кунанд. Савринисо Ҷӯрабекова ва Фирӯзи Маҳмадалӣ, ҳамсар ва писари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши муроҷиати саркушодае рӯзи 18-уми январ ба Дафтари Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид, Салиби сурх, САҲА ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ, аз онҳо хостанд дар пайдо кардани иттилоъе дар бораи сардори хонаводаашон кӯмак кунанд.

“Беш аз ҳафт моҳ мешавад, ки мо ҳеҷ хабаре дар бораи вазъи саломатӣ ва ҳаёти Маҳмадалӣ Ҳаит надорем. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон мо ҳақи танҳо як мулоқот бо ӯ дар шаш моҳро дорем. Бори охир мо ӯро моҳ майи соли гузашта дида будем. Мулоқоти навбатии мо бояд 24 ноябри соли 2021 баргузор мешуд. Аммо он рӯз ба мо гуфтанд, ки вохӯрӣ бо зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаит наметавонад баргузор шавад, чун ӯ чазо гирифтааст. Кормандони зиндон ва инчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия сабаби манъи вохӯрӣ бо ӯро ба мо фаҳмонида натавонистанд” — омадааст дар муроҷиатнома.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.