22.9 C
Dushanbe

Вазорати маориф аз БҶ $50 млн мегирад. Сифати таълим беҳтар мешавад?

Бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ бо тарҳи лоиҳаи 50 миллион долларӣ кумак хост.

Акс аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода 17-уми март бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот кард. Дар ин дидор қисме аз намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Вазири маорифи Тоҷикистон дар ин мулоқот умедворӣ намуда, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бунёд ва бозсозӣ муассисаҳои таълимие, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда фарсуда гаштаанду ниёзи ҷиддӣ ба тармиму бозсозӣ доранд, кумак мекунад.

“Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост”, – мегӯяд Раҳим Саидзода.

Дар ҳамин ҳол як собиқ корманди бахши маориф дар вилояти Хатлон, ки нахост номаш фош шавад, ба Аздо тв гуфт, “ҳамасола Вазорати маориф бо тарҳи лоиҳаҳои гуногун аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ грантҳои зиёде дастрас мекунад. Барои баланд бардоштани сифати таълим, сохтани мактабҳои замонавӣ ва ғайра, вале на ҳамаи онҳо сад дар сад иҷро мешаванд. Агар кореро бо маблағи грант анҷом доданд, ҳатман ҳамон миқдорро аз буҷаи кишвар медузданд.”

Ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт: “Яке аз мушкилоти асосие, ки имрӯз системаи маорифи кишвар дорад, ин аз кор рафтани омӯзгорон аст. Чун маоши омӯзгорӣ барои рӯзгузаронӣ умуман намерасад. Шояд дар пойтахту маркази вилояту шаҳрҳо хуб бошад, аммо дар деҳаҳо баъзан маошро чанд моҳ пас медиҳанд.”

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Аздо тв, “Грантҳо барои Вазорати маориф зиёданд, аз буҷаи кишвар ҳам маблағи зиёд ҷудо мешавад, вале бо вуҷуди ин ҳама маоши омӯзгорон хеле кам аст. Агар маблағи грантҳо дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда дуруст масраф шавад, метавонанд аз буҷаи кишвар ба маоши омӯзгорон афзоянд ё ҳаддиақал андозаи мукофотпулиҳо ба донишомӯзону омӯзгорон бештар карда шавад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.