31.9 C
Dushanbe

Вазорати меҳнат: сафари тоҷикистониён барои муҳоҷират 57% кам шудааст

Акс аз “Asia-Plus”

Шумори муҳоҷироне, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2020 аз Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар кардаанд, 57 дарсад кам шудааст. Ин оморро Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 23 июл эълон кардааст.

Хонум Ҷабборзода гуфтааст, дар тӯли нимсолаи аввал беш аз 129 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар карданд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 ҳазор нафар кам мебошад.

Гулрӯ Ҷабборзода ин ҳолатро бо пандемияи коронавирус дар кишварҳои мизбони муҳоҷирон ва баста шудани марзҳои кишварҳо рабт дод. Русия макони аслии кору даромади шаҳрвардони Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои қаблӣ, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, соле ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор қарор дошт. Ӯ гуфтааст, дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Вазири меҳнати Тоҷикистон нагуфтааст, ки дар ин давра барои коҳиши шиддати бекорӣ дар кишвар ба чи иқдомоте даст зада ва чи қадар ҷойҳои корӣ ташкил дода шудааст. Афзун бар ин дар сурати идомаи чунин шароит сарнавишти мардум ва хонаводаҳои тоҷик, ки тӯли ин 28 соли истиқлолият вобастаи Русия шудаанд чи хоҳад шуд?

Қаблан мақомот аз коҳиши интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳам хабар доданд. Рӯзи 22 июл мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 14,8 дарсад камтар аст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллӣ он рӯз дар нишастӣ матбуотӣ гуфт, дар ин шаш моҳ муҳоҷирони корӣ ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд. Тоҷикистон яке аз он кишварҳои дунёст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷиронӣ корӣ мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.