ВКД-и Тоҷикистон гуфт, ба ҷосуси Русия Руслан Табаров шиноснома надодааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз 23 апрел бо пахши баёнияе гуфт, ба Табаров Руслан, ки бо шиносномаи тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Чехия ҷиноят содир намуда ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад, шиноснома надодааст. Табаров дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия муттаҳам мешавад.

“Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст”, омадааст дар хабари ВКД-и Тоҷикистон

Ҳамчунин Вазорати корҳои дохила қайд мекунад, ки ҳеч дархости расмие аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст.

Мақомоти Чехия 17 апрел ду шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Русия ва ҳамчунин гумонбар дар таркиши анбори силоҳ дар шарқи ин кишвар дар ҷустуҷӯ қарор дод. Гуфта мешавад, ин ду шаҳрванд яке бо шиносномаи Молдова бо номи Николай Попа ва дигаре бо шиносномаи Тоҷикистон бо номи Руслан Табаров соли 2014 вориди Чехия шудаанд.

Молдова рӯзи 20 апрел гуфт, ки бо номи Николай Попа ҳамчун шаҳрванди ин кишвар шиноснома надодааст. Ва баъди тақрибан як ҳафта Тоҷикистон низ шиносномаи Руслан Табаровро рад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мессӣ бо хет-трик дурахшид: муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.

Парлумони кишвар қонуни авфро қабул ва Эмомалӣ имзо кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи навбатияш қонун "Дар бораи авф"-ро баррасӣ карданд.