13.9 C
Dushanbe

ВКД хабар дод: дар Хоруғ 1 нафар кушта ва 3 нафар захмӣ шуд

Имрӯз, 17-уми май Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман хабар дод, ки дар задухӯрди дирӯзаи мақомот бо мардум як сокини вилоят кушта ва се афсари интизомӣ захмӣ шудааст.

Дар баёнияи ВКД гуфта мешавад, ки гурӯҳе аз ҷавонони Хоруғ шаби 16-уми май бо “супориш”-и Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва “таҳти раҳбарӣ”-и сокини Хоруғ Замир Назришоев (ҷавони кушташуда) гӯё ба кормандони пулиси Бадахшон, ки дар бинои Суди вилоят қарор доштанд, ҳамла карда ва “норинҷаки дастиро таркониданд”.

Дар натиҷаи ин ҳодиса муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Бадахшон Ғайратшоҳ Муборакшозода, корманди шуъбаи оперативии ВКД Шӯҳрат Қамишев ва фармондеҳи взводи таъйиноти махсус Абубакр Файзуллозода захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

ВКД менависад, ки “ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид”.

Замир Назришоев

Аммо сокинони ин вилоят ба изҳороти ВКД бовар надоранд ва мегӯянд, ки Замир Назришоев аз тири мақомот ба ҳалокат расидааст на он ҳодисае, ки мақомот нақл мекунанд. Ҳамчунин ба маълумоти сокинони ин вилоят, дар даргирии мақомот бо мардум 6 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо тири резинии мақомот захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон, Улфатхоним Маҳмадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистонро ба ноонром кардани авзоъ дар Бадахшон гунаҳкор кардааст.

Дар баёнияи ВКД гуфта мешавад, ки “нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.

Аммо Алим Шерзамонов, муовини раҳбари ПМТ, ки дар Аврупо қарор дорад, дар суҳбат бо Azda.tv ин иттиҳомоти нисбаташ эълон шударо рад карда гуфт:

“Ба ҳайси як бадахшонӣ ва зодаи маҳз ҳамон минтақае, ки дар он Муҳаммадбоқир низ сукунат дорад ва инак чаҳор моҳ ҳаст, ки мавриди ҳамлаи шадиди иттилоотиву амниятӣ қарор гирифтаст, албатта бетараф буда наметавонам. Ҳамчун як шаҳрванд мавқеамро дар ҳимоят аз ташаббуси худи мардуми Бадахшон дар мавриди баргузории ин тазоҳурот иброз доштаам, вале ташаббускор ва ё ташкилкунандаи он набудаам ва нестам”.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иттиҳомҳои мақомот алайҳи худашро бепоя дониста буд.

Дар вокуниш ба баёнияи мақомот корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва шахсиятҳои шинохта аз Улфатхоним Маҳмадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят карда, иттиҳомоти нисбати Машмадшоева эълоншударо беасос хондаанд.

Дар ҳоле ВКД-и Тоҷикистон аз захмӣ шудани се афсари ниҳодҳои интизомӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали эътирозҳо 16-уми майи соли ҷорӣ аз захми шудани 6 сокини Бадахшон хабар нашр шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми майи соли ҷорӣ ҷамъе аз сокинони ин вилоят, ки теъдоди онҳо беш аз ҳазор нафар гуфта мешуд, барои додхоҳӣ ва талаби истеъфои раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ тазоҳурот баргузор карда буданд.

Мақомот тазоҳурот ва талаби онҳоро ғайри қонунӣ дониста, иштирокчиёни он гирдиҳамоиро ба “терроризм”-у “экстремизм” муттаҳам карда гуфта буданд, ки онҳоро аз 5 соли зиндон то ҳабси абад интизор аст.

Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуд, рӯзи 16-уми май сокинони  Бадахшон баъд аз иҷро нашудани талаботҳояшон ба кучаҳо баромаданд. Мақомот барои пароканда кардани эътирозгарон сӯяшон тир кушод.

Дар ҳоли ҳозир мактабҳо ва дигар муассисаҳои шаҳри Хоруғ баста, интернет дар ин минтақа масдуд шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.