18.9 C
Dushanbe

ВКХ-и Тоҷикистон рӯйхати парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистонро нашр кард

azda.tv

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯйхати парвозҳои чартериро, ки моҳи ноябр барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия сурат мегиранд, нашр намуд.

Бино ба навиштаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ аз 7-уми ноябр то 30-юми ин моҳ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон 112 парвози чартерӣ барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Гуфта шудааст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамаи ин парвозҳоро ширкати хусусии “Сомон Эйр” мутаалиқ ба Ҳасан Асадуллозода – додарарӯси президенти Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ва аз ҷониби Русия ширкати “Utair” як бахши шаҳрвандонро меорад.

Ин дар ҳолест, ки шаби 31 октябр ва 1 ноябр мақомоти Русия ба  ҳавопаймои Тоҷикистон иҷозаи парвоз надода буданд, ки зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо вуҷуди доштани билет дар фурудгоҳи Домодедово дармонда буданд. Баъд аз тафовуқ байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳои чартерӣ аз сар гирифта шуд, ки ҳамчунин ба ширкатҳои Русия иҷоза доданд, ки ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳанд.

Қаблан Радиои Озодӣ аз манбааш аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон навишта буд, ки ҷониби Русия барои парвозҳои чартерӣ шарт гузоштааст, ки ширкатҳои Русия низ ба Душанбе парвоз анҷом диҳанд. Дар натиҷа ба ширкати ҳавопаймоии русии “Utair” иҷоза дода шуд.

Тибқи тавофуқи байни Тоҷикистону Русия “Utair” дар моҳи ноябр чор павроз (рӯзҳои 7,14,21 ва 28-уми ноябр) дар хатсайри Душанбе-Маскав ва баъди такмил шудани рӯйхати мусофирон дар масири Душанбе-Хуҷанд анҷом медиҳад.

Ҳамчунин Сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ширкати дигари русӣ “Уралские авиалинии” низ барои анҷом додани парвозҳои чартерӣ дархост дод. Вазорати корҳои хориҷӣ дар мавриди парвозҳои ширкатҳои русӣ иброз дошта, ки Ситоди ҷумҳурявии муқовимат бо коронавирус ризоят додааст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷӣ парвозҳои чартерӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия анҷом дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баррасии гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

Дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гузориши Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа баррасӣ шуд.

Дар Русия мехоҳанд “Гурӯҳи 24”-ро экстремистӣ эълон кунанд

Додситонии вилояти Иваново талаб кардааст, ки фаъолияти Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар Русия манъ карда шавад.

Эрон ҳаҷми зарари ҷангро 270 миллиард доллар арзёбӣ кард

Эрон ҳаҷми пешакии зарар аз ҳамлаҳои низомии Амрико ва Исроилро тақрибан 270 миллиард доллар эълон кард.

Шикояти писари Зайд Саид: “Моро аз охирин сарпаноҳамон маҳрум кардан мехоҳанд”

Мақомоти кишвар талош доранд, хонаи Саид Саид, собиқ тоҷири муваффақ ва ҳоло зиндонии сиёсиро бигиранд ва фарзандонашро аз он берун кунанд.