ВКХ ҳодисаи охири марзро “амали иғвоангезона”-и ҷониби Қирғизистон хонд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳодисаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро “амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон” хонда, онро маҳкум кардааст.

Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки 3-юми июни соли ҷорӣ задухӯрди мусаллаҳона баъди убури ҳадафмандонаи марзбонони қирғиз ба қаламрави таҳти назорати марзбонони тоҷик оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ сарҳадбонони қирғиз ҳушдори марзбони тоҷикро барои тарки ҳудуди Тоҷикистон нодида гирифта, ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушодаанд.  Гуфта мешавад, ки вазъият пас аз ҷалби қувва ва техникаи иловагӣ аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон мураккаб гардидааст.  

Инчунин ВКХ-и Тоҷикистон мегӯяд, ки “дар натиҷаи оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик аз яроқи оташфишон, ҳарбиёни қирғиз аслиҳаи маҷмӯӣ ва миномётҳоро аз ҷумла ба самти мавзеъҳои аҳолинишини Тоҷикистон истифода бурданд”.

Бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон гуфту шунид доир шуда, соати 13:15 бо вақти маҳаллӣ оташбас сурат гирифтааст.

Дар охири изҳораташ Вазорати корҳои хориҷӣ ҳодисаи ахири марзиро амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистон хонда, онро маҳкум намудааст ва аз ҷониби Қирғистон даъват кардааст, ки барои пешгирии чунин муноқишаҳо ҳамаи мувофиқаҳои бадастомадаро қатъиян риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 3-юми июни соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирандозӣ сурат гирифта буд. Омори дақиқи захмиён дастраси расонаҳо нест. Расонаҳои қирғизӣ аз захмӣ шудани ду тан аз сарҳадбононашон хабар дода буданд.  

Тоҷикистону Қирғизистон дар сар задани задухӯрди мусаллаҳонаи ахир дар марз якдигарро муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.