Вохӯрии раисони Суғду Ботканд

Дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизил-Бел”-и Қирғизистон мулоқоти гурӯҳҳои корӣ дар масоили марзии вилоятҳои Суғд ва Ботканд баргузор шуд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, ин мулоқот рӯзи 22-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он раисони вилоятҳои Суғду Ботканд Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев, раҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарҳадот, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ботканд ва Лейлек ширкат кардаанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи таъмини зиндагии орому осудаи мардуми наздимарзӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ҳифзи субот дар марзро таъкид намуда, ба раисони шаҳру ноҳияҳои ҳаммарз супориш додаанд, ки дар байни мардум бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар хабар гуфта мешавад, ҷонибҳо таъкд кардаанд, ки мардуми назди марзӣ ба ҳар гуна хабарҳои носанҷида ва иғвоангез бояд дода нашаванд ва одоби неки ҳамсоядориро риоя намоянд.

Инчунин дар рафти мулоқот гуфта шудааст, ки бо супориши президентҳои ду кишвар фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба делемитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои муайян намудани хатти сарҳад натиҷаҳои хуб ба даст омада истодааст.

Дар мулоқоти гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғду Ботканд масъалаи истифодаи обу замин низ баррасӣ шудааст, аммо хадамот дар ин бора маълумоти бештар надодааст.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Тақрибан аз се ду ҳиссаи ин марзи муштарак муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо нуқтаҳои баҳсбарангезе, ки солҳои ахир сари онҳо даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифт, то ҳол номуайян боқӣ мондааст ва вақтҳои охир дар ҳудуди Тоҷикистону Қирғизистон зуд-зуд вохӯрии гуруҳҳои корӣ дар масъалаи марз баргузор шуда истодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25-уми октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард.

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.