Вохӯриҳои пайдарпайи мақомоти Русияву Тоҷикистон гиреҳеро боз мекунад?

Сурат: mehnat.tj

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба сафари Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин – Фролов мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати меҳнат Амонзода дар ин вохӯрӣ мушкилии муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ба расмиятдарории буду бош ва иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, коркарди низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемия тавассути хатсайрҳои чартерӣ ба Федератсияи Русия, таъсиси маркази муштараки омоданамоии мутахассисони соҳаҳои мухталифи бозори меҳнат дар Тоҷикистон, таҳияи барномаи муштарак оид ба фаъолият ва буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ, аз мавзӯҳои дигар ин мулоқот будааст.

Вохӯрии вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо сафири Русия дар Душанбе дар ҳолест, ки чанде қабл Раиси Маҷлиси олии Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Русия сафари корӣ дошт, ки бо шуморе аз раҳбарони ин кишвар дидору гуфтугӯ дошт.

Ҳамзамон ба хотири барасии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ чанд рӯзи пеш сафири Тоҷикистон дар Русия бо вазири меҳнати Руися дидор ва гуфтушинид анҷом дода буд.

Русия бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ марзҳои худро боз кардааст, аммо бо Тоҷикистон то ҳанӯз марзҳо баста мемонад, оё ин вохӯриҳои пайдарпай мақомоти ду кишвар барои кушодашавии марзҳост? Ва кай мушкилоти муҳоҷирон роҳи ҳалли худро меёбанд? Суолҳоеанд бе посух.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро...

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон...

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён...

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави...