30.9 C
Dushanbe

Вокуниши қирғизҳо ба нақши Ворух дар қасри “Ала-Арча”

Нақши Ворӯхи Тоҷикистон дар харитаи девории қасри “Ала-Арча”-и президенти Қирғизистон

Ворухи Исфара дар вилояти Суғд, ки дар шаш моҳи ахир ба яке аз маҳалҳои низоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Қирғизистон табдил шудааст, ин дафъа нақши он дар харитаи девории қасри “Ала-Арча”, мақарри раиси ҷумҳури ин кишвар дар Бишкек хашми расонаҳо ва корбарони қирғизро дар шабаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст.

Ворух сарзамини Тоҷикистон аст ва он ҳеч гоҳ нимаҷазирае дар қаламрави кишвари ҳамсоя набуд, аммо даъвоҳои ахир ва ғасбҳои ғайриқонунии заминҳои Тоҷикистон сокинони ҳамсоякишварро ҷуръат бахшида, даъво мекунанд, ки Ворух қаламрави Қирғизистон аст.

Аммо ин харитаи деворӣ дар қасри президенти Қириғизистон ва нақшаи барҷастаи Ворух, ки дар он ба вузӯҳ нишон дода мешавад, Ворух ҷузъи ҷудонопазири қаламрави Тоҷикистон аст, бори дигар нишон медиҳад, ки даъвоҳои қирғизҳо дар хусуси Ворух ботил ва асоси воқеӣ надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...