8.9 C
Dushanbe

Вокуниши мухолифин ба зиндонӣ шудани раҳбарони “Гурӯҳи 24”

Бархе аз созмонҳои мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудани намояндагони “Гурӯҳи 24” вокуниш карданд.

Аз ҷумла, Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороти ҷудогона ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанберо алайҳи раҳбари “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар ва узви фаъоли ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро маҳкум карданд.

Ҳарду дар авоили соли 2024 ба таври махфӣ аз Туркия рабуда шуда, рӯзи 10-уми октябр дар як мурофиаи пӯшида дар Боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе Суҳроби Зафар ба 30 ва Насимҷон Шарифов ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

ПМТ ин ҳукмҳоро як ҷинояти ғайриқобили қабул, таҳқиромез ва фаромарзии режими зиддимардумии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 то ба ҳол қудратро ғасб кардааст, меномад. Дар ин баёния ҳамчунин аз талошҳои сершумори режим барои саркӯб кардани аъзои “Гурӯҳи 24”, аз ҷумла куштори муассиси он Умаралӣ Қувватов дар соли 2015 дар Туркия ёдовар шудааст.

ПМТ хостааст, ки дар мавриди қазияи рабуда шудани Суҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов аз Туркия, интиқоли ғайриқонунии иҷбории онҳо ба Тоҷикистон ва ҳамчунин шиканҷа ва эъмоли маҳдудиятҳо нисбат ба онҳо, таҳқиқи мустақиллонаи байналмилалӣ сурат бигирад.

Ҳама гуна беамалӣ дар ин масъала ташвиқи режимҳои диктаторӣ дар саросари ҷаҳон аст, ки рақибони худро одамрабоӣ, шиканҷа ва ба таври пинҳонӣ ба додгоҳ бикашанд ва нисбат ба онҳо ҳукм содир намоянд, ки ин тарзи рафтор, қатъан ҷиноят алайҳи башарият аст” – омадааст дар изҳороти ПМТ.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон низ дар изҳороташ ҳукмҳоро бахше аз як маъракаи даҳшатафканӣ ва фишороварии пайвастаи ҳукумати Тоҷикистон барои саркӯби мухолифини сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ номидааст. Ин созмони мухолифи режим мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳрум кардани фаъолон аз ҳуқуқи мурофиаи одилона ва истифодаи шиканҷа нисбат ба онҳо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро дағалона нақз кардаанд.

Инчунин ин ҷунбиш таъкид мекунад, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қудрат ба ҳар роҳу восита омода аст, ҳуқуқи инсонро пайваста вайрон намуда, меъёрҳои қонунҳои байналмилалиро нодида бигирад.

Ҳарду гурӯҳи мухолифон аз кишварҳои демократӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар даъват карданд, ки барои раҳоии тамоми зиндониёни сиёсӣ болои мақомоти Тоҷикистон фишор оварда шавад.

“Мо бовар дорем, ки талошҳои якҷояи ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ дар ниҳоят адолатро барои ҳамаи қурбониёни режими саркӯбгар таъмин хоҳанд кард” – таъкид шудааст дар изҳороти Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.