23.9 C
Dushanbe

Посухи Тоҷикистон ба вокуниши Русия

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар вокуниш ба гуфтаҳои дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки муносиботи мо стратегӣ аст.

23-юми августи соли 2022 дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар посух ба нигарониҳои дабри Шӯрои амнияти Русия ба “

Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия

Пас аз ин вокуниши Патрушев расонаҳо ва бархе дигар аз фаъолони сиёсии Русия ҳам баргузории тамринҳои муштараки низомӣ дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, муносибатҳои Тоҷикистону Русияро зери суол қарор дода буданд.

Вокуниши дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки чанд саот қабл аз он дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон ҳам хабар дод, ки сарони Тоҷикистону Русия телефонӣ суҳбат карданд.

Котиботи Президенти Тоҷикистон ин суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Владимир Путинро “суҳбати дӯстона” арзёбӣ карда, таъкид кард, ки тарафҳо “ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.”

Пеш аз ин сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, “Ҳамкории минтақавӣ як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштироккунанда нигаронида шудааст.”

Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарони масоили сиёсӣ, чунин ба назар мерасад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия пас аз баргузории тамринҳои муштарак зери унвони “Ҳамкории минтақавӣ 22” дар шаҳри Душанбе хадшадор шудааст ва акунун кор то ҷое расида, ки на танҳо мақомоти поёнӣ дар сатҳи ҳамтоёни худ масъаларо ба баррасӣ мегиранд, балки Эмомалӣ Раҳмон ҳам маҷбур шуда, ки шахсан худаш дар ин бора бо Владимир Путин гап занад ва котиботаш ҳам онро “суҳбати дӯстона” тавсиф намоянд.

Гуфта мешавад, тамринҳои муштараки нирӯҳои амрикоӣ бо ҳамтоёнашон аз бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, Муғулистон ва Покистон соли 2004 оғоз шуда, ба истиснои давраи дусолаи ҳамагирии коронавирус ба сурати мунтазам солона дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда баргузор мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танҳо дар Перм 1200 шаҳрванди нави Русия ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд

Дар вилояти Перм тақрибан 1,2 ҳазор хориҷие, ки давоми даҳ моҳи соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба қайди ҳарбӣ гузошта шуданд.

Вашингтон ва Пекин ба созиши тиҷоратӣ наздик мешаванд

Рӯзи 30-уми октябр раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ мулоқот карданд.

“Ғаюр Семент” ҳамаро ба дод овардааст, кӣ бояд назорат кунад?

Гурӯҳе аз сокинони маҳаллаи Соҳибкорон-2 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз он шикоят доранд, ки рафтуои мошинҳои боркаши марбут ба ширкати "Ғаюр Семент" маҳалларо хароб кардааст.

Муаллимон дигар “облава” намешаванд?

Ҳамаи муаллимони мактабҳо дар давраи фаъолияти касбии худ бояд дигар "облава" нашаванд.