27.9 C
Dushanbe

Волии Ҳирот дар куштани олимони Афғонистон Тоҷикистонро муттаҳам кард

Мавлавӣ Нураҳмад Исломҷор, волии Ҳироти Афғонистон дар як суханронии ахираш Тоҷикистонро ба он муттаҳам кард, ки “террорист”-ҳоро дар худ ҷой дода, барои куштани олимон ба Афғонистон мефиристад.

Мавлавӣ Нураҳмад Исломҷор, волии Ҳироти Афғонистон

Ин намояндаи Толибон дар суханронияш, ки сабти он 5 рӯзи пеш ба шабакаҳо роҳ ёфтааст, мегӯяд, нафарони зиёде, ки дар куштан ва террори чеҳраҳои бонуфузи Афғонистон ва хусусан дар Ҳирот даст доштанд, дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи волии Ҳирот, куштани олимон ва шахсони бонуфузи Афғонистон бо як тарҳрезии мушаххас аз беруни кишвар роҳнамоӣ мешавад. Ва одатан касоне, ки дар куштани олимони динӣ даст доранд, “шахсони ҷоҳиланд аз дин маълумоте надоранд.”

Ӯ ҳамчунин гуфт: “Ҳоло маҷбур ҳастем, ки миллати худро дар ҷараён бигузорем, гоҳе авқот мо як қотилро пайдо кардем. Аз ҳамин Ҳирот, ки мардуми бегуноҳро шаҳид мекарда. Ӯ аз Душанбеи Тоҷикистон меравад ба Русия ва аз Русия меравад ба Туркия ва аз Туркия меояд ба Эрон ва аз Эрон тавассути марз меояд ба Ҳирот”.

Дар ин суханронӣ Нураҳмад Исломҷор ошкор нагуфт, ки қотилон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва ё худи афғонҳои муқими Душанбе, аммо таъкид кард, ки онҳо “низоми исломиро намехоҳанд”.

Волии Ҳирот дар хитоб ба рақибони сиёсии Иморати исломӣ, ки Душанберо бештар мавриди назар дошт, гуфт: “Он нақшаҳои шуме, ки шумо доред ва гумон мекунед низоми исломиро заифъ мекунед, ин нақшаҳо бисёр барбод аст.

Мақомоти расмии Толибон дар ин бора тавзеҳи бештаре надодаанд ва мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол ба изҳороти волии Ҳирот вокунише накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.